Футзалбозони ҷавони тоҷик бар дастаи мунтахаби Ӯзбекистон пирӯз гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври дуюми бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2019 дар Минтақаи марказӣ дар гурӯҳи «В» бо ҳисоби калони 7:2 дастаи мунтахаби Ӯзбекистонро мағлуб намуда, роҳхати марҳилаи навбатиро ба даст овард.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. Дар ин вохӯрии ҷолиб голҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммад Раҷабов, Идрис Ёров, Фаридун Неъматов ва Халид Сабуров ба нишон расониданд.
Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар даври плей-офф бо дастаи мунтахаби Афғонистон, ки дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро ишғол мекунад, рақобат менамояд.
Баргузории бозии мазкур дар маҷамааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд соати 13:00 дар назар аст. Ғолибият дар ин бозӣ иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё, ки соли оянда баргузор мешавад, таъмин месозад.








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






