Иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Форуми 6-уми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ
ДУШАНБЕ, 12.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Янгҷоуи музофоти Ҷиансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин даври шашуми Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ намуд.
Дар ҳошияи иштирок дар форуми мазкур вохӯриҳои дуҷонибаи Азим Иброҳим бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумӣ Ван Чэн, роҳбарияти музофоти Ҷиансу ва роҳбарияти шаҳри Янгҷоу доир гардиданд.
Дар рафти суханронии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форум ва дар вохӯриҳои дуҷониба ҳолати ҳозира ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд. Бо изҳори қаноатмандӣ робитаҳои фаъол дар сатҳи олӣ ва дигар сутуҳ, инчунин болоравии эътибори сиёсии мутақобила миёни Тоҷикистон ва Чин зикр гардида, мавзӯъҳои таҳкими минбаъда ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳо ва чорабиниҳои муштарак, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд.
Бо истифода аз имконияти мазкур ҳайати Тоҷикистон дар доираи форум фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварро тавассути рӯнамоии (презентатсияи) пурмуҳтаво муаррифӣ намуд.
Ҳамчунин бо мақсади истиқрори муносибатҳои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои шаҳри Янгҷоу Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд.
Оид ба натиҷаҳои форум ташаббуси Янгҷоу маъқул дониста шуд, ки истиқрори ҳамкориҳо ва табодули сайёҳиро байни шаҳрҳои Янгҷоу ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ менамояд. Ин иқдом дар қатори 20 шаҳри ҳамкорӣ панҷ шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтарро дарбар мегирад.
Мувофиқа ба даст омад, ки ба муносибати Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Фестивали байналмилалӣ оид ба сайёҳии иқтисодӣ ва тиҷоратии «Фейерверк-март» моҳи апрели соли 2019 Намоиши фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон баргузор карда шавад.
Ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои пешсафи маҳаллӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин аз ҷойҳои шоёни диққати фарҳангию таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Янгҷоу дидан намуд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






