Калимаҳои «чеканка», «чеканит» аз вожаи тоҷикии «чакан» пайдо шудаанд? Нақше, ки гувоҳи фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷик аст
ДУШАНБЕ, 3.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО дар иҷлосияи солонаи худ, ки дар шаҳри Маврикий баргузор гардид, яке аз навъҳои гулдӯзии қадимӣ ва рушдёбандаи тоҷикон — «чакан» — ро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.
Дар бораи пайдоиши ин ҳунар, марҳилаҳои рушди дӯхтани он ва дигар масъалаҳои марбут ба чакан ва чакандӯзӣ мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ бо сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ—фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон ҒУЛОМЗОДА суҳбат анҷом дод.
Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад.
Чакан як навъи гулдӯзии маъмул дар Тоҷикистон буда, он дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».
Бояд кард, ки дар замони муосир раванди ҷаҳонишавӣ доираи муносибатҳои байналмилалӣ ва майдони равобити фарҳангиро фарох намуда, зарурати эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳоро тақозо менамояд. Дар ин росто рушди фарҳанги миллӣ барои таҳаввули муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти эҳёи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистони тозабунёд бо анъанаҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи аввалиндараҷа дорад. Бо назардошти аҳамият ва ҷойгоҳи махсус анвои гуногуни ҳунари мардумӣ дар рушди фарҳанги муосир эҳёи яке аз самтҳои таркибии он ки санъати гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ) ба шумор меравад, андешидани тадбирҳои фавриро тақозо менамояд.
Гулдӯзии (кашидадӯзии) тоҷикон ҳунари нафиси қадима буда, яке аз шаклҳои санъати амалӣ –ороишии мардумӣ ва қисми муҳими мероси фарҳангии умумибашарӣ маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки намунаҳои волои гулдӯзии тоҷикиро дар аксар осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои машҳури олам дидан мумкин аст.
Азбаски пайдоиши кашидадӯзӣ ба давраи аввали ҳаёти инсон, яъне асри санг мансуб дониста мешавад, он ҷузъи таркибии фарҳанги туфулияти аҳли башар ва аз қадимтарин ҳунарҳои инсоният ба шумор меравад. Воситаҳо ва мавод барои гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ) дар замонҳои минбаъда такмил меёбанд ва бо мурури замон аз дирафшҳои сангӣ, устухонӣ ба сӯзанҳои сангӣ, устухонӣ ва баъдтар ба сӯзанҳои филизӣ (биринҷӣ, оҳанӣ, пӯлодӣ) ва пайдоиши бофандагию рангпардозӣ замина мегузорад. Ба пайдоиши бофандагӣ, пеш аз ҳама, рустаниҳо, пашми ҳайвонот, нахи пахта ва абрешим таъсири амиқ мегузоранд, ки истифодаи онҳо сабаби рушди санъати гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ) гардидааст.
Ҳамчуноне ки Осиёи Марказӣ пеш аз «Роҳи абрешим» ва баъди он пайвандгари тамаддуни ҷаҳонӣ ҳисоб меёфт, санъати гулдӯзии халқу миллатҳои маскуни ин минтақа тавассути савдо ба минтақаҳои назди роҳҳои корвонгузар паҳн мегардид.
Чакан навъе аз кашидадӯзии миллии тоҷикист, ки дар Кӯлоб ва навоҳии наздики он паҳн гардидааст. Аксаран кашидадӯзон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафедро бо риштаҳои рангин гулдузӣ мекунанд.
Вожаи «чакан» ниҳоят кадимӣ аст. Дар ибтидо дар рӯи чӯб, устухон, маъдан, чарм, сангҳои қимматбаҳо ва зарфҳои филизӣ бо дирафшҳои махсус нақшҳои гуногун- гул, барг, офтоб, моҳтоб, ситора ва монанди ин офарида мешуд, ки он баъдтар чакан ном гирифт. Истилоҳи «чакан» дар забонҳои славянӣ низ дучор меояд. Масалан, «чеканка», «чеканит» — маънои нақш партофтан дар болои филизот, чӯб ва ғайраро дорад, ки худ аз вожаи «чакан» пайдо шудааст.
Дар замонҳои қадим барои чакандӯзӣ асосан карбосро истифода мебурданд ва бо пайдоиши матоъҳои дигар онҳоро низ мавриди истифода қарор доданд.
Маҳорати дастони гулдӯзон гӯё имрӯзро бо гузашта мепайвандад ва дар гулҳои офаридаашон ба ояндагон нияти неки худ ва гузаштагонро ба мерос мегузоранд. Ҳар як гуле, ки онҳо бо сӯзан меофаранд, гӯё дунёест, ки асрҳо бегазанд дар шуури мо нақш бастааст ва он гувоҳи ривоҷи ҷаҳони маънавӣ, ғояҳои инсонгароӣ ва миллӣ буда, аз фарҳанги ғании халқ дарак дода, таҷассуми шукуфоии дунёи бепоён ва ояндаи инсоният аст.
Чакан дар асарҳои бостоншиносон, адибон, санъатшиносон инъикоси худро ёфтааст
Санъати гулдӯзӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ва аҷдодони ӯ ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд.
Аз таҳқиқоти пурарзиш олимон ба ақидае омадаанд, ки аҷдодони мо дар самти омодасозии матоъ ва зебонамоии он тавассути гулдӯзӣ сараввал аз рангҳои гуногун истифода намудаанд. Дастони бонувони тоҷик мӯъҷизаофаранд. Яке аз мӯъҷизаҳои он бо нӯги сӯзан ва заҳмати беандоза тавлиди санъати гулдӯзӣ ва офаридани шаклҳои мураккаб бо сабки хос ва соҳиронаю ҷаззоб дӯхтани шаклҳои гуногуни чакан мебошад.
«Бояд зикр кард, — менависад олими бостоншинос Абдувалӣ Шарифов, — муҳимтарин қисми таркибии санъати гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ)-и тоҷикӣ нақшу нигори он мебошад. Дар нақшу нигори гулдӯзиҳои тоҷикӣ табиати ватани таърихӣ ва имрӯзаи мо, ҷаҳонбинӣ, анъана, афкори таърихӣ, зебоипарастӣ, орзую омол, инчунин таъсири равандҳои таърихӣ ба ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти амалии мардум таҷассум ёфтаанд». Аз ин ҷост, ки иттилои муҳиме оид ба гулдӯзӣ дар «Авасто», «Шоҳнома», осори Ҷайҳонӣ, Табарӣ, Муқаддасӣ, Мирхонд, Хондамир, Балхӣ, Восифӣ, Дониш ва дигарон дарёфт намудан мумкин аст. Оид ба равияҳои гуногуни гулдӯзӣ ва сабкҳои он, офариниш ва таърихи он муҳаққиқони зиёде, аз қабили А. А. Бобринский, М.П. Винокурова, Н. Белинская, Н. Ершов, О.А. Сухарева, Г.М. Майтдинова, З.А. Широкова, С.П. Русайкина, С.В. Иванов, Н. Юнусова, М. Рӯзиев, Л. Додхудоева, Ш. Абдуллоева, Х. Содиқова, А. Аминова, М. Ғаниева, Ф. Руҳулова маълумоти фаровоне гирд овардаанд. Олимон дар гулдӯзиҳо беш аз 700 намуди нақшу нигорро муайян ва онҳоро ҳамчун нақшҳои ороишӣ ба се гурӯҳ: ислимӣ, ҳандасӣ ва хаёлӣ ҷудо кардаанд. Ғайр аз ин пажӯҳишгарон услуби нақшҳои гулдӯзиро, пеш аз ҳама, ба муҳити зист вобаста дониста, онро ба ду намуди асосӣ – гулдӯзии кӯҳистонӣ ва водигӣ тақсим намудаанд.
Чакан идомаи ҷустуҷӯҳои беш аз ҳазорсолаи аҷдодист, ки дар аввал чун либоси шахсиятҳои доро маъруфият дошта, бо гузашти солҳо дар байни мардум паҳн гардидааст.
Агар мо намунаи бозёфтҳои марказҳои фарҳангии Саразм, Дарбанд, Балх, Нисо, Марв, Суғд, Бохтар, Бухоро, Хоразм, Варахша, Хуҷанд, расмҳои Тахти Ҷамшед, Намозгоҳ, Тупроққалъа, Балаликтеппа ва Панҷакенти қадимро муқоиса намоем, мебинем, ки одамон дар ҳар давру замон либосҳои зебову шинам дар бар доранд ва гулу нақшу нигори онҳо на танҳо бо намуди матоъ, балки шаклу сабки ба худ хос аз ҳамдигар фарқ доранд. Аммо дар ҳамаи давру замон матои абрешимии гулдӯзишуда бо нозукӣ ва шинамӣ таваҷҷуҳро ба худ ҷалб менамояд. Дар аввал он танҳо либоси дороён маҳсуб меёфт. Намунаҳои он аз Бохтар, Бухоро, Афросиёб, Балх, Кӯҳи Муғ, Панҷакент, Марв, Нисо ёфт ва баъзан дар деворнигораҳои ёдгориҳои гуногуни меъморӣ ва минётураҳо тасвир шудаанд.
Ин навъи матои абрешимӣ аз ҳазораи II пеш аз мелод дар минтақаи ориёинишин мавҷуд будааст
Дар байни мардуми мо то ба имрӯз ин намуди гулдӯзӣ шукӯҳу сарват, саховат ва дороиро инъикос менамояд. Аммо ба ақидаи олимон, аз ҷумла, Г.М. Майтдинова, навъи матоъи абрешимӣ аз ҳазораи II пеш аз мелод дар минтақаи ориёинишин мавҷуд будааст. Г. М. Майтдинова аввалин намунаи таърихии гулдӯзии аҷдодиро аз марқади «Иттифоқ»-и ноҳияи Фархор мутобиқ ба асри III мелодӣ донистааст, ки дар он расми дарахт ва навдаҳои он, гулҳо, дар атрофи он паррандаҳо ва дар болои он се абр бо тори симин дӯхта, гулҳо ва баргҳо бо риштаи абрешими бунафш, арғувони гаронбаҳо хеле нозуку сеҳрангез офарида шудаанд.
Замонҳои қадим барои чакандӯзӣ карбос истифода мебурданд. Солҳои 70-уми асри ХХ дар ноҳияи Фархор дар қабристони замони Кушониён аз қабри духтарчаи 6-7- сола камзӯлчаи беостини карбосӣ ёфт шуд, ки дар тахтапушташ бо симҳои нуқрагин дарахти ҳаёт ва дар шохаҳои дарахт ду булбул гулдӯзӣ шуда буд. Ҷуғрофидони асри Х Мақдисӣ дар бораи Хатлон навиштааст, ки «аз он ҷо гулдӯзиҳои некӯ, зарбофтҳои зебо ба бозори ҷаҳонӣ мебаранд». Ин шаҳодати он аст, ки дар замони Сомониён дар Хатлонзамин марказҳои чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва гулдӯзӣ амал мекардаанд.
Нақшҳои чакан ҳар кадоме мазмуни хосса доранд
Нақшҳои чакан ҳар кадоме дорои мазмуни хосса буда, бештар хусусияти динӣ доштанд: офтоб, моҳ, ситораҳо, оташ, одам, ҷонварону рустаниҳои муқаддас ва амсоли ин.
Баъди густариши ислом дар минтақа тасвири ҷонварон ва одам манъ шуд, аммо нақшҳои салиби шикаста, оташ, офтоб, рустаниҳо барҷо монданд ва бо гузашти айём моҳияти динии хешро гум карда, ба нақшҳои беном табдил ёфтанд. Нақши себарга дар чакандӯзӣ мавқеи асосӣ ишғол мекунад. Бо чунин нақш шероза, поҷома ва остинро ороиш медиҳанд. Аз хуми мухаддир дар маъбадҳои зардуштӣ бо оби анору шир машрубот тайёр карда мешуд. Ин рустанӣ буттаи ҳамешасабз буда, баргҳояш сӯзаншакланд. Аз нақши он дар чакандӯзӣ барои ороиши рӯйҷои арӯсӣ, хона, зардеворӣ истифода мешавад. Яке аз нақшҳои маъмули дигар нақши забонаи оташ бо рангҳои сурху зард аст. Ин нақшро пеш аз ислом чун рамзи ҳаёт ва нур дар китфи фариштагон, шоҳон ва ашхоси соҳибмақом тасвир мекарданд. Унсурҳои нақши мазкурро чакандӯзони имрӯза низ кор мефармоянд.
Истифодаи рангубор дар ҳунари чакандӯзӣ ба табиати макони зисти ҳунарманди он вобастагӣ дорад. Ҳунарманд кӯшиш мекунад, ки бо истифодаи риштаҳои гуногунранг тароват ва зебоии маҳалли худро рӯи матоъ орад. Одатан курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, чойхалта, камарбанд, хурҷин, ҷойнамоз ва ғайра гулдӯзӣ карда мешаванд. Ҳар нақши болои матоъ ном дорад, чунончи косагул, аштак, гули анор, барги бед (маҷнунбед), бодомак (бодомча), ислимӣ, каҷак, лола, райҳон, тоҷихурӯс, булбул, думи товус, морпечон, моҳу ситора, пойи гунҷишк ва ғайра.
Ба ақидаи роҳбари Муассисаи ҷамъиятии дорои масъулияти маҳдуди «Чакан» Зариф Валиев, чакан дар давраи подшоҳии Ҷамшед пайдо шуда, бо фарорасии фасли баҳор, иди Наврӯз, эҳёи табиат аз даврони ориёиҳои пеш аз мелод то ба имрӯз истифода бурда шуда, он аз доираи як халқияту миллат то ба сарзаминҳои бузурги минтақаҳои паҳновари Авруосиё доман паҳн кардааст. Бисёр миллату халқиятҳо онро «мол»-и худ медонанд, ки бо ҳунари волои «Сабки ваҳшӣ»-и ориёӣ олимони Аврупову Осиё онро хуш қабул карда, ба заҳмати дастони пурҳунари бонувони тоҷик баҳои баланд додаанд.
Дар ибтидо чакан танҳо ба шоҳзодаҳо дастрас буд
Чакан ва ё чакандӯзӣ ба рушди матоъбофӣ тавъаманд. Дар ибтидо ориёиҳо масолеҳи абрешимиро аз Чин мехариданд ва азбаски нархи гарон дошт, аз онҳо танҳо барои шоҳу дороён либос медӯхтанд.
Асрҳои минбаъда сирри пиллапарварӣ кашф гардид, ки парвариши он дар Осиёи Миёна ва Эрон ба роҳ монда шуда, дар асрҳои VII– VIII мелодӣ дар Форсу Суғд марказҳои бофандагии матоъҳои абрешим таъсис меёбанд. Суғдиён дар як давраи бузурги таърихӣ паҳнкунандаи асосии ин навъи матоъ ба Рум, Рус ва дигар мамолики Аврупо буданд. Тоҷирони суғдӣ дар роҳи абрешим мақоми вижае касб карда, аз Чин то ба Рум ҳама корвонсаро ва марказҳои тиҷорат дар ихтиёри онҳо буд. Ин замон ба оммавигардии чакан низ мусоидат кардааст.
Азбаски омодасозии либоси чакан заҳмати зиёд ва маҳорати баланди на танҳо дӯзандагӣ, балки коркарди масолеҳи ресандагӣ, риштаресӣ, рангсозӣ, нусхагирӣ, интихоби матоъ аз рӯи ранг, сифат ва ғайраро талаб менамояд, минтақаи омодасозии он низ маҳдуд аст. Вале ниёзмандони он аз мамолики Шарқу Ғарб хеле зиёданд, ки ин барои ривоҷу густариши чакан шароити бештаре фароҳам овард.
Имрӯз нақшу нигори пироҳани занона бештар бо риштаи абрешимӣ, ки худи дӯзандагон бофтаву ранг мекунанд, дӯхта мешавад. Дар гулдӯзиҳои кӯҳистон нақши гиреҳ дар шакли ромб, чоргӯша, секунҷа ва доирачаҳо ҷои асосиро ишғол менамояд.
Нақши гиреҳ дар гулдӯзиҳои кӯҳистонӣ бо ислимӣ, ба монанди аштақ, барг, баргак, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, бахмалгул, бодом, бодомча, бутта, буттаи гул, гандум, гандумак, гули калон, гарди гул, гашнич, гирди гулҳо, ғулғулак, гули дарахт, гули зардак, гули зағерак, гули олуча, гули ошиқи печон, гули калон, гули лола, гули садбарг, гули сагак, гули садпар, гули себ, гули сиёҳгуш, гули райҳон, гули хайрӣ ва косагулҳои гуногун омезиш меёбад.
Услуби таҳия ва нақши косагул гуногун мебошад. Дар ноҳияи Тоҷикобод косагулҳои қисми пеши пироҳан то 70-90 см. дӯхта шуда, домани пироҳан озод мемонад, вале остинҳо аз китф то охир пурнақшу нигор гулдӯзӣ мешаванд.
Дар Кӯлоб ва атрофи он косагулҳо нисбатан майда ва дар шакли гирдбод гулдӯзӣ шуда, дар гирди он шероза дӯхта намешавад. Дар Дарвозу Рашт баръакси Кӯлоб атрофи косагулҳо шероза дӯхта мешавад.
Барои рушди чакандузӣ дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи ҷамъиятии дорои масъулияти маҳдуди «Чакан» 26 ноябри соли 2005 таъсис ёфт, ки чеварони забардасти минтақаи Кӯлобро дар як марказ ҷамъ оварда, мувофиқи фармоиши ансамблҳои «Фалак», «Падида», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Қумсангир, Норак либосҳои рақсии чакан омода менамояд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаъну шӯҳрати чакан хеле баланд гардид. Гулдухтарони тоҷик чаканро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар намуда, якҷоя бо нону намак манзури мардум мегардонанд.
Чакан дар тамоми чорабиниҳои дохилию хориҷӣ тарғиб мегардад
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғибу ташвиқи чакан дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Фестивал-озмунҳои «Андалеб», «Чакомаи гесӯ», «Сапеда», «Чакан», намоиши байналмилалии муд — «Диёри ҳусн», таҷлили ҷашни байналмилалии «Наврӯз», «Меҳргон», рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, «Шашмақом», «Фалак» ин матоъро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ин маъракаҳои муҳим манзури ҳазорҳо нафар тамошобинони ватанӣ ва хориҷӣ мегардонад. Чакану атлас дар тамоми чорабиниҳо фарҳангие, ки дар хориҷи кишвар баргузор мегарданд, аз ҷумла Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар мамолики хориҷӣ тарғибу ташвиқ мегарданд. Яке аз равандҳои ҷаҳонигардии чакан- ин ташкили намоишҳои либоси миллӣ дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷа, ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ, ҷамъиятҳои дӯстии байни тоҷикону миллатҳои дигар ба шумор меравад. Мавҷудияти чакану атласи тоҷик ба ин чорабиниҳо ҳусну таровати тоза мебахшад.
Ба андешаи роҳбари Муассисаи ҷамъиятии дорои масъулияти маҳдуди «Чакан» Зариф Валиев, либосҳои онҳо дар ҷашнвораҳои байналмилалии Имоми Аъзам, Наврӯз, намоишҳои байналмилалии Эрон, Ҳиндустон, Беларус, Россия, Туркманистон соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.
Бо қарори Раиси вилояти Хатлон ҳамасола дар шаҳри Кӯлоб фестивали «Сайри чакан» баргузор мегардад.
Моҳи майи соли 2006 дар вилояти Хатлон фестивали «Таронаи чакан – таронаи ориёӣ» хотима ёфт, ки дар он ҳунармандон аз 25 ноҳияи вилояти Хатлон фаъолона ширкат доштанд.
Моҳи июли соли 2007 ширкати «Чакан»-и Кӯлоб дар 3-юмин Ярмаркаи байналмилалӣ дар Вилояти мухтори Синзян-Уйғури Чин, ки бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ташкил шуда буд, либоси «Чакан»-ро муаррифӣ намуд.
Моҳи майи соли 2009 дар шаҳри Вашингтони ИМА бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон ва тоҷикони муқимии он гӯшаи намоиши либосҳои тоҷикӣ – атлас ва чакан баргузор шуд.
Моҳи сентябри соли 2009 дар толори Рейхстаги шаҳри Берлин дар зиёфати бошӯкӯҳ хонуми олмонӣ бо либоси чакан байни меҳмонон пайдо шуд, ки ҳозирин аз ӯ чашм намеканданд. Номи хонуми зебо Навишта буда, номи ӯро ба шарафи қаҳрамони «Баҳодури Истаравшанӣ» мондаанд. Ба андешаи ин хонуми олмонӣ, чакани тоҷикӣ ҳамчун либоси зебо ба ҷаласаҳои бошукӯҳ ҳусну таровати тоза мебахшад.
7-8 ноябри соли 2015 Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Ҷилваи чакан» якҷо бо Фестивали ҷумҳуриявии либосҳои миллӣ- «Хандаи ҳусн» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев баргузор гардиданд.