Каратэчиёни тоҷик дар Чемпионати Осиёи Марказӣ сазовори 9 медал гардиданд

Декабрь 20, 2018 09:20

ДУШАНБЕ, 20.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба каратэ WKF миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 9 медал (4 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.     Дар ин бора  аз Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон ба мухбири  АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқа медалҳои тиллоро Муҳаммадхӯҷа Азаматов (-52кг), Парвиз Азизиён (-70кг) миёни наврасони 14-15-сола ва Умед Сафаров (-76кг) миёни ҷавонони 16-17-сола сазовор шуданд. Медали чоруми тиллоро варзишгарони мо дар равияи кумитэи даставӣ дар ҳайати Фаррух Раҳимов, Маҳмаёри Ҳикматулло, Исмоил Раҷабов, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Муҳаммад Тешаев, Абдуваҳоб Шарапов, Умед Сафаров миёни ҷавонони то 18-сола ба даст оварданд.

Муҳаммад Тешаев (-55кг), Бекзод Маҳмудов (+76кг) миёни ҷавонони 16-17-сола, Абдуваҳоб Шарапов (-67кг) миёни ҷавонони то 18-сола медалҳои нуқра ба даст оварданд. Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-60кг) ва Фаррух Раҳимов (+87кг) миёни ҷавонони то 18-сола сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, чемпионати мазкур 17-18 декабр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо иштироки варзишгарон аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  дар ҳайати 16 нафар, аз ҷумла 10 варзишгар ба ин мусобиқа сафарбар гардида буд.

Декабрь 20, 2018 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд