Насим Олимзода: «Вазифаи нахустини табиб ёрӣ расонидан ба бемор аст, на пешниҳоди рӯйхати дурударози доруворӣ»
ДУШАНБЕ, 27.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз пас аз пешниҳоди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷаласа он нуктаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баён доштанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, яке аз масъалаҳои ташвишовар, ки вақтҳои охир сабаби вокунишҳои зиёд ва арзу шикояти шаҳрвандон гардидааст, расонидани кумаки фаврии тиббӣ ба беморон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад. Насим Олимзода оид ба ин масъала ва вазъи мавҷудаи беморхонаҳо, таваллудхонаҳо, шуъбаҳои эҳёи шаҳри Душанбе ва вилояту минтақаҳо сухан ронда, ба муовинони вазир ва сардорони шуъбаҳои дахлдори вазорат дастур дод, ки дар ин самт корро пурзӯр намоянд. Ӯ аз хусуси ҷой доштани ҳолатҳои сари вақт ба беморон нарасонидани кумаки фаврӣ аз ҷониби табибон, махсусан шабонгоҳон изҳори нигаронӣ намуда, аз тарафи Пешвои миллат таъкид шудани ин масъаларо дар Паёми имсола масъалаи ҷиддӣ номид.
Инчунин Н. Олимзода иброз намуд, ки кумаки фаврии тиббӣ дар ҷумҳурӣ тибқи қонуну қарорҳои мавҷуда ройгон мебошад ва инро табибон хуб дарк карда, аз худ масъулияти баланд нишон диҳанд ва нобоварии мардумро нисбат ба давлату Ҳукумати мамлакат набояд ба миён оваранд. Вазифаи нахустини табиб ёрӣ расонидан ба шахси бемор аст, на пешниҳоди рӯйхати дурударози доруворӣ. Бояд қуттиҳои ёрии аввалини тиббии муассисаҳои тандурустӣ, новобаста аз шакли моликият, бо маводи доруворӣ ҳамеша таъмин бошанд.
«Мо дастурҳои мушаххасро оид ба кумаки фаврии тиббӣ дар ҷаласае, ки чанде қабл дар Маркази миллии тиббӣ-шаҳраки «Шифобахш» гузашта буд, ба роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар дода будем, вале пас аз ирсоли Паёми Пешвои миллат ба ин масъала бори дигар назорати ҷиддӣ медиҳем»,- изҳор намуд Вазир.
Бино ба иттилои манбаъ, Н. Олимзода ба масъулини соҳа супориш дод, ки 27 декабр бо роҳбарони муассисаҳои тиббии хусусӣ ва 3 январ бо муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ҷаласаҳои корӣ баргузор карда шаванд.








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






