ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ ба муҳлати як шабонарӯз қатъ мегардад

Декабрь 25, 2018 08:30

ДУШАНБЕ, 25.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино — маҳаллаҳои 81, 82, Шараф, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков ва Бунгоҳи гармидиҳии марказии №2  ба муҳлати як шабонарӯз аз  соати 22:00 рӯзи 25  то соати 24:00 рӯзи 26 декабри соли 2018 қатъ мегардад. Дар ин бора қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал бо мақсади пайваст намудани қубурҳои хобонидашудаи қутрашон 630 мм ба қубурҳои амалкунанда дар иншооти «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон (аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе), мавқеи километрҳои 0+00 то 1,2 буриши  хиёбонҳои Н.Махсум ва А.Сино» роҳандозӣ мегардад.

Тибқи қарори мазкур, раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки  дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин Раиси шаҳр ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  супориш додааст, ки  ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Декабрь 25, 2018 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд