«САРВОДАИ ВАТАН». Китоби нави адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон ба пажўҳиши ашъори меҳанпарастонаи Рустам Ваҳҳобзода бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 16.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тайи чанд соли охир мақолаҳои зиёди адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон дар бораи миллатдўстӣ, ватандўстӣ, худшиносӣ ва осори адабиёти муосири тоҷикон ва ҷаҳониён чоп мешавад. Ў дар навиштаҳояш ҷавононро роҳнамоӣ менамояд, ки барои ба Ватан ва миллат содиқ будан, пеш аз ҳама, бояд дониш андўзанд.
Фақат аз тариқи омӯхтани илму маърифат инсон метавонад ҳам барои миллату ватани худ хидмат кунад ва ҳам дар зиндагӣ ҷойгоҳи худро пайдо намояд. Ҳафиз Раҳмон, ки бо адабиёт, таърих ва фалсафаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хуб ошно аст, андешаҳои худро бо гуфтаҳои онон тақвият мебахшад. Ба ин восита ҷавононро талқин менамояд, ки на фақат адабиёти оламшумули худамон, балки адабиёти ҷаҳонро низ бихонанду бидонанд ва аз ин тариқ дониш гирифта, барои ободии мамлакат ҳисса гузоранд.
Ба наздикӣ китобе бо номи «Сарводаи Ватан» чоп шуд, ки дар он адабиётшнос Ҳафиз Раҳмон ҳамон андешаи ватандўстонаи худро идома медиҳад. Ў ин дафъа ба ашъори меҳанпарастонаи шоири номдори тоҷик Рустам Ваҳҳобзода бо диди илмӣ, таърихӣ ва фалсафӣ менигарад.
Китоб зери назари ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики АИ ҶТ Муҳаммадисуф Имомзода ба ифтихори 70-умин солгарди таъсиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нашр шудааст.
Асари мазкур аз ду бахш иборат аст. Дар бахши аввал Ҳафиз Раҳмон дар бораи арзишҳои ҳунарии ашъори ноби ватанпарастонаи Рустам Ваҳҳобзода сухан гуфтааст. Баъдан дар бахши дуюм намунаҳои шеърҳоеро овардааст, ки шоир дар бораи ватану худшиносӣ эҷод намудааст.
Рисола бо муқаддимаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир Низом Қосим оғоз мешавад: «Китобе, ки манзури хонанда мешавад, ҳам дар ин радиф ҷост ва ҳам дар ин радиф алҳол беҳамтост. Яъне, бо кўшишу заҳмати муҳаққиқу мубаллиғи шинохтаи адабиёт Ҳафиз Раҳмон маҷмўае манзур мешавад аз ватанномаҳои шоири маъруф Рустам Ваҳҳобзода, ки таҳлилу баррасии амиқу фарохназаронаи онҳоро низ дар бар дорад. Шеъри Рустам Ваҳҳобзода дар байни алоқамандон бисёр матраҳ ва тавассути интернету таронаҳояш миёни мардум низ шинохтаву писандида аст. Бахусус, ашъори иҷтимоӣ, аз ҷумла ватанхоҳонаву миллатдўстонааш, ки дар даврони Истиқлолияти Ватану миллат суруд. Оҳангҳои миллатдўстиву ватанхоҳӣ дар аксари шеърҳои ў ба ҳам печидаву ҳамдигарро комилтар кардаанд».
Дар ҳақиқат Рустам Ваҳҳобзода аз даврони донишҷўӣ, аз нахустин шеърҳояш, ки дар аввалҳои солҳои 80 садаи ХХ эҷод шудаанд, аз дилу ҷон ва эҳсоси баланд дар васфи миллат ва ватан шеър мегўяд. Ў аз ҳамон солҳо Ватанро дар пайванди таъриху тамаддуни гузаштааш ситоиш менамояд, ки Низом Қосим дар идомаи суханҳои боло ҳақбинона ва мушоҳидакорона гуфтааст: «Ватан барои Рустам Ваҳҳобзода фақат як пора хоки муқаддас нест, эҳсосу идроки зинда аст, таъриху фарҳанг аст, расму оин, иду маросимҳои миллист, Авастову Саразм, Спитамену Муқаннаъ, Ҳулбуку Афросиёб, Сосону Сомон, Бухорову Самарақанд ҳам ҳасту Душанбеву Нораку Роғун, Айниву Ғафурову Турсунзода, шаҳрҳои бостону ҷавон ва ҳанўз комилан бунёднаёфтаи замони Истиқлолияти кишвар – Сайҳуну Раҳмонобод ҳам; яъне ҳам гузаштаи пурифтихорест, ки бо ёдаш метавон сар ба гардун афрохт ва ҳам имрўзи бунёдкору фардои зебошиоре, ки мебоядаш сохт; ҳам мардони бузурге, ки имрўз дар дилу дидаҳо ҷоянд ва ҳам тифлони ширбўе, ки ҳанўз чорғовак мераванду мардони подори фардоянд. Шоир аз номи онҳо менависад, барои онҳо хуни ҷигар кам мекунад, савганди ватанхоҳиву миллатдўстиаш ба номи ин рамзҳои зиндаи Ватану миллат аст».
Дар китоб андешаҳои Ҳафиз Раҳмон зери унвони «Самимияти ифода ё ифодаи самимият» оид ба ашъори Рустами Ваҳҳобзода баён гардидаанд. Тавре ки муаллиф ишорат намудааст, ў ба таври иҷмолӣ ба арзишҳои эстетикии ашъори меҳанпарастонаи Рустам Ваҳҳобзода назар меандозад. Аммо дар ҳамин назари мухтасар низ оид ба нуктаҳои латифу зарифи ин шоири ватандўст суханҳои неку мақбул гуфтааст. Пажўҳанда дуруст мегўяд, ки «аз мавзўи ватану ватандорӣ дида дар адаби бадеӣ ҷовидонатар мавзўе нест, чун ҳама мавзўоти арзишманди дигар, аз қабили меҳри модар, сидқу сафои муҳаббат, дўстиву шафқат, родмардиву сахо, ҳама реша дар хоки муқаддаси ватан доранд».
Дарвоқеъ, аз замонҳои пеш мардум ба ватан муҳаббат доранд, онро дар сурудаҳо, устураву афсонаҳо, зарбулмасалу мақолҳо ситоиш намудаанд. Ҳафиз Раҳмон ба тасдиқи фикри болои хеш бо такя ба зарбулмасали «Хоки ватан аз мулки Сулаймон хуштар» ва «амири беватан хору залил» аз шоир чунин ёд менамояд: «Устод Рустам Ваҳҳобзода аз ҳамин қабил шоирон аст, ки қисмати аъзами ашъораш ба гиромидошти ватан ва эҳсосоти наҷиби ватандорӣ марбут аст. Ашъори ватанпарастонаи ў ончунон саршори завқ ва табъи салими гўяндааш ҳастанд, ки бо як бор мутолиа кардан дар ойинаи тафаккур тасаввури рушанеро аз гирудори ишқи ватандорӣ ҳосил мекунанд ва ҳиссу ҳаяҷонро дар сатҳи баланд меангезанд».
Ў оид ба маҳорати шоир сухан ронда, зимнан аз гуфтаи адибони машҳури олмонӣ Гёте ёдовар мешавад, ки барои дарки амиқтари дили шоир ба ватани ў сафар бояд кард. Ҳ.Раҳмон ба тақвияти ин гуфтаи Гёте гуфтаҳои Қайсин Қулиевро оварда, ишорат менамояд, ки барои шинохтани ватани адиб, пеш аз ҳама, шеъри шоирро бояд мутолиа намуд. Агар хонандаи зирак бо диққат ашъори шоиронро бихонад, ҳатман дар онҳо ситоиши зодгоҳро мебинад. Дар ин маврид Ҳафиз Раҳмон ҳақбинона ёдовар мешавад: «Шоире нест, ки ба зодгоҳаш аз зовияи шеър боре назар накарда бошад, Рустам Ваҳҳобзода низ истисно нест. Ҳатто ҷойе аз ҷўшу хурўши меҳр Тоҷикободашро тимсоли Шарқ номидааст». Сипас чун намуна чанд сатри зебову дилнишинро меорад, ки аз як тараф хонандаро ба фикр намудан водор намояд, аз тарафи дигар меҳри ўро ба Ватан бештар месозад.
Як ҷиҳати назарраси таҳқиқи Ҳафиз Раҳмон дар он аст, ки ў барои дарки бештари мавзўи ватанхоҳию ватандўстӣ ба диди мардум, шоирони пешин ва ҳамчунин ба андешаи файласуфону пажўҳандагони адабиёт такя намуда, моҳияти аслии масъаларо ба хонанда мефаҳмонад. Ў барои тасдиқи фикри худ дар мавридҳои муносиб ба гуфтаҳои Афлотун, Ф.Шиллер, И.Кант, Н.А.Добролюбов, Д.И.Писарев, Х.Шарифзода, адибони машҳур Гёте, С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, Б.Собир, Қ.Қулиев ва дигарон ишорат менамояд. Ба ин васила моҳияти ашъори шоирро барои хонанда мефаҳмонад.
Ҳ.Раҳмон яке аз ғазалҳои меҳандўстонаи Р.Ваҳҳобзодаро, ки «Тасбеҳи ашк» ном дорад, бо эҳсоси олимона мавриди таҳқиқ қарор дода, бо муҳаббат мегўяд: «Ин ғазалро бино ба истеҳкоми маънӣ, кандакории ҳар ибораву калима, таровату салосати сухан, ҳиссиёти ҳаяҷонангез, тарзи бағоят самимонаи баёни мақсаду армон метавон гимни сидқу сафои ватандорӣ номид».
Пажўҳанда аз мутолиаи ин ғазал ба ваҷд меояд. Зебоиҳои онро бо диди илмӣ ба қалам медиҳад ва бо муҳаббат ба идомаи суханҳои болоӣ менигорад: «Гарчи сўйи Ватан саҷда кардан дар шеъри куҳану нав зиёд дучор шавад ҳам, аммо ифодаи «аз ашки сари мижгон тасбеҳ сохтан»-ро ба нудрат метавон ёфт.
Бале, Ҳафиз Раҳмон эҳсоси махсуси шоирро, ки ҳар адиб ба таври худ онро дар ашъораш тасвир менамояд, хеле хуб дарк карда, ба ҳунари образофаринӣ, зебоишиносӣ, таносуби ақлу калому эҳсоси эҷоди шоир мафтун мегардад, ки он бояд дар оянда аз ҷониби пажўҳандагони нозукбин мавриди омўзиши бештар ва дақиқтар қарор бигирад. Муҳаққиқ дар ҳамин росто дар шеъри Рустам Ваҳҳобзода на танҳо ҷиҳатҳои эстетикии онро мебинад, балки диди равоншиносӣ, дорои фалсафаи иҷтимоӣ ва андешаҳои психолингвистикӣ доштани шоирро ба ёд меорад
Ҳ.Раҳмон аз ҳар байти ғазали «Тасбеҳи ашк» ба ҳаяҷон меояд. Аз ин рў, дар бораи ҳар байт сухан мегўяд: «Байти аввали ғазали мазкур ифодаи барҷаставу таъкид бар таъкиди сўзу сози ватанхоҳӣ, байти дуюм ишорае ҳасратомез ба дарк нашудани нидои қалби қаҳрамони шоир аз ҳамдиливу ҳамбастагӣ, байти саввум – боз нидое ормонӣ аз ваҳдати ҷисму ҷони шоир бо пайкари меҳан ҳам дар ғурбату ҳам дар хилват, байти баъдӣ – талмеҳ ё ишораи нозуке ба қиссаи интизории падари нобиношудаи Юсуфи Канъонӣ, баъдан – афзал донистани пофишориҳову меҳнату машаққати Фарҳод аз саҳронишиниву ҷунунварзии Маҷнун, байти дигар – иродаи устувори қаҳрамони шоир ва матонати ў аз ҳубби ватан, то андозае, ки “забони шамъи табъ”-и ў домони дилашро хоҳад сўхт аз он ки мабодо пушаймон шуда бошад ва ниҳоят яккамисраи охир – боз иродатмандии қавии қаҳрамони шоир аз сухангўии бардавом дар ҳаққи ватан… Шеъре дар ниҳояти ҳаяҷонангезӣ, бо патетикаи баланд ва таҳрикбахшанда ба ҷониби улвият. Пирўзии маънавӣ аз болои шикасти ҷисмонӣ ва ранҷу озори ҳиссӣ” (с. 12).
Пажўҳанда аз шеърҳои нобу хотирмони адиб – “Ватан”, “Ёд”, “Ё соқӣ”, “Хатти фардо”, “Пайғом”, “Меҳан”, “Меҳрнома”, “Ошёни меҳр”, “Тоҷикистон”, “Дарди воло”, “Ихлос”, “Авҷи шаҳомат”, “Намози дил” ёдовар шуда, дар бораи яке аз онҳо- шеъри “Ватан” назари худро ба таври зерин баён намудааст: “Шеъре, ки аз ҳар байташ нидои сидқу сафои ботини гўяндааш ба гўши ҳуш мерасад, шеъре иборат аз розу ниёзи қалби саршор аз шавқу завқи шоир ба мамдўҳаш, ки ватан аст, шеъри хитоба, ки самимияти ифода ва ё ифодаи самимият дар он ба авҷи камол ва қуллаи ҷамол расида. Тасвир ончунон табиӣ ва сидқист, ки ҳар касеро ба ваҷд меорад: қаҳрамони шоир аз фитнаҳои олам ҷонпаноҳе (ифодаи тоза) ҷуз ватан надорад, ягона гуноҳаш – меҳри ватан аст, сар ба пойи ватан ниҳодан ва агар ин иштибоҳ бошад, омодаи сар ба дор шудан ғояти лутфу сафост, тасаввури мардумии кулоҳи сар иваз накардан, чунки хосияти баде дорад ва ин маъниро ба якто будани Ватан пайванд додан, дар бисоти гўяндаи шеър ҷуз нафаси ба хун тапида ба ёди Ватан чизе намонда – инҳо ҳама аз табъи салим ва зеҳни мустақими шоир гўиё фаввора задаанд. Агар як маънои пафос – ҷўшу хурўш бошад, пас, ин шеър саропо ҳамин гуна рўҳияи осмонӣ ва навъе иффату рози ирфонӣ ҳам дорад».
Ҳафиз Раҳмон ашъори меҳандўстонаи Рустам Ваҳҳобзодаро бо меҳр таҳлил менамояд. Аз суханони Ҳ.Раҳмон маълум мешавад, ки ў низ мисли Рустам Ваҳҳобзода ошиқи ватан аст ва кишварашро самимона дўст медорад. Барои ҳамин ў дар бораи ҳар кадоме аз навиштаҳои шоир бо муҳаббат сухан мегўяд. Чӣ гуна шоир дар асоси дидаҳо, шунидаҳо, мушоҳидаҳо инсонҳои беномусро, ки ба ватан садоқат надоранд, ба риштаи нафису латифи шеър кашидааст, пажўҳанда он зарифиҳоро пайдо намуда, бо ҳаяҷон назарашро мегўяд. Зимни суханҳои хеш ҳақбинона борҳо ёдовар мешавад, ки «Рустам Ваҳҳобзода дар гуфтани шеъри ватанпарастона истеъдоди қавӣ ва табъи карим дорад” (с. 19).
Ҳафиз Раҳмон ба воситаи ашъори шоир ба шахсияти ў низ баҳои воқеӣ медиҳад. Аз андешаҳои пажўҳанда маълум мегардад, ки ў воқеан дилдодаи шеъри шоир аст. Эшон ҳангоми суханҳои неки худ барои тасдиқи гуфтаҳояш борҳо ба олимони шинохта, шоирони номдор, файласуфон ишора менамояд. Сипас пораҳои ашъори шоирро оварда, дар бораи он самимона назарашро мегўяд. Ҳ.Раҳмон мафтуни Ватан будан ва нисбат ба ин марзу бум эҳсоси баланд доштани Рустам Ваҳҳобзодаро ба пеши назар меоварад. Сабаби чунин зебоиҳои ашъори ўро воқеъбинона дар олимӣ, донишмандӣ ва шахсияти шоир низ меҷўяд. Баъдан самимона менависад: «Шеъри муассири меҳанпарастона, саршор аз меҳр, ҳар байте ишора мекунад ба ягон ҷузъиёте, ки хотирмон аст. Ҳар байте ба сари хеш мустақилмаъност. Тасвир эҳсосбарангез, ифодаҳо пурмаъно, таносуби калом устувор. Сазовори он, ки ҳамчун гимни ватандорӣ бо оҳанг сароида шавад. Шеъре, ки қалби ҳар ғарибу муҳоҷиреро мусаххар хоҳад кард, барои ҳамдиёрони бумӣ — мояи гуманизм. Сабаби тавлиди чунин ашъор, агар яке табъи салим аст, дигаре олим будани гўяндааш аст, яъне шоири донишманд, фарогирифтаи донишу саводи адабӣ, донандаи шеър ва ё шаҳрванди доимии кишвари шеъру шоирӣ… Шеъри Рустам Ваҳҳобзода исбот мекунад, ки дар иқлими шеър ҷаҳонбинии фарохи мусаллаҳ аз илму дониш нақши аввалдараҷа дорад. Ҳамин сабаб аст, ки аудиторияи шоир пуродам аст, ҳар касе чизе барои равнақи зеҳни хештан дарёфт мекунад. Ин ҳақиқат аст, ки шеъри хуб вакууми шуурро пур мекунад, ончунон ки баъди ғизое хуб кас роҳат мекунад. Сабабаш якҷо омадани се унсури эстетикист: ҳақиқат, накўӣ ва зебоӣ».
Дарвоқеъ, Ҳ.Раҳмон дар бораи ашъори ватнадўстонаи шоири маҳбуб Рустам Ваҳҳобзода, ки имрўзҳо барои ваҳдати миллат, мардуми Тоҷикистон, садоқат доштан ба Ватан чунин шеърҳо чун гиёҳи дароманбахш заруранд, бо ваҷд сухан мегўяд. Хонандаро талқин менамояд, ки аз чунин ашъори ноби зебову дилпазир баҳра бардорад ва ба воситаи мутолиаи чунин сурудаҳои ноби тоҷикона барои ободии бештари ин Ватани азиз – Тоҷикистон ў ҳам ҳисса гузорад.
Дар қисми дуюми китоб Ҳ.Раҳмон барои хонанда зери унвони «Мунтахаби ашъори ватанияи Рустам Ваҳҳобзода» чанд намуна аз ашъори меҳандўстонаи шоирро меорад, ки шеърҳои зеринро дар бар дорад: «Кўҳистон», «Ойинаи якрўӣ», «Тоҷикистон», «Наврўз (дар ҳошияи тақвим)», «Наврўзгоҳ», «Бухоро», «Шаҳри хуршед», «Ошёни меҳр» (суруд), «Меҳани Наврўз», «Сомонгирд», «Дарди воло», «Ихлос», «Шоиро, гиря макун!», «Меҳан», «Авҷи шаҳомат» (дар пойи қуллаи Исмоили Сомонӣ), «Ватан», «Меҳрнома», «Ба пойи бесутун (халқӣ)», «Намози дил», «Суруди марзбон», «Тасбеҳи ашк», «Ёд», «Хати фардо», «Бо мо», «Ҳама кишвар», «Пайғом», «Дўст дорам», «Панд», «Шарқ», «Субҳи зимистон», «Чаро мехўрӣ?!», «Дубайтӣ».
Ҳамин тавр китоби «Сарводаи ватан» барои хонандаи зираку ватанпавари тоҷик рисолаи хонданӣ аст. Ҳар касе, ки ошиқи тоҷику Тоҷикистон аст ва барои ин Ватан аз дилу ҷон хидмат кардан мехоҳад, онро бояд мутолиа намояд.
Равшан РАҲМОНӢ,
профессори ДМТ