Соли 2019 дар Бадахшон сайёҳии кишоварзӣ ва экогеологӣ ба роҳ монда мешавад

Декабрь 28, 2018 16:29

ХОРУҒ, 28.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Маркази хизматрасонӣ ба сайёҳони шаҳри Хоруғ дар мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Бурду бохт ва ояндабинӣ» суҳбати «мизи гирд» баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳо ва мутахассисони соҳаи сайёҳӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи асосӣ аз баргузории суҳбати мазкур ҷамъбасти кори бахши сайёҳӣ ва ба роҳ гузоштани  усулҳои нави хизматрасонӣ барои сайёҳон мебошад.

Номзади илми таърих, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» Қурбон Аламшоев  изҳор намуд, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди ин соҳа дар вилоят имкониятҳои судманд ба бор овард. Дар ин сол дар аксарияти ноҳияҳо марказҳои пазироии сайёҳон таъсис дода шуда, мутахассисони соҳа ба кор ҷалб гардиданд. Сокинони  деҳоти дурдаст дар назди манзилҳои истиқоматӣ меҳмонхонаҳои хурд бунёд карданд.

Соли 2017 бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуда, дар ҳамаи вилоятҳо шуъбаҳои он ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Шуъбаи мазкур  дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи сайёҳӣ ва экологӣ-фарҳангии Помир дар чанд моҳ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Ассотсиатсияи сайёҳӣ ва экологӣ-фарҳангии Помир бо иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ ба узвияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ шомил гардид. Моҳи январи соли 2018 Кӯҳистони Помири Тоҷикистон ба номгӯи даҳ раванди беҳтарини сайёҳии Осиёи Миёна ва Уқёнуси Ором ворид гардид ва дар конфронси сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Берлин ба  Ассотсиатсияи сайёҳӣ ва экологӣ-фарҳангии Помир шаҳодатнома супурда шуд.

Зимни муҳокимаронӣ пешниҳод карда шуд, ки  соҳаи туризм ба рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ҳамбастагӣ дошта, ба сифати ҳаёти мардум таъсири мусбат мерасонад. Аз ин хотир ташкил намудани  туризми кишоварзӣ дар вилоят аз манфиат холӣ нест.

Ба гуфтаи коршиносони бахши сайёҳӣ, 93 фоизи ҳудуди Бадахшонро  кӯҳсор ташкил медиҳанд. Он дар баробари мавзеи таърихию зебоманзар будан, ҳамчунин махзани  сарватҳои бои табиӣ мебошад. Ба гуфтаи  номзади илмҳои геологӣ Юсуф Раҳимбеков, гурӯҳи мутахассисон дар 365 деҳаҳои Помир тадқиқот анҷом дода, ба ин натиҷа расиданд, ки соли равон дар кӯҳсори Помир сайёҳати геологиро  ба роҳ андохтан зарур аст. Зеро дар дигар минтақаҳо боигариҳои табиӣ дар зери замин ҳастанд, аммо дар Бадахшон бештари онҳо дар болои замин мебошанд. Албатта, барои сайёҳон ташкил намудани хатсайрҳо ба кӯҳдоману дараҳои вилоят  аз фоида холӣ нахоҳад буд.

Номзади илмҳои таърих  Аловиддин Шоҳинбеков дар ин суҳбати «мизи гирд» оид  ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ изҳори ақида намуда, баён дошт, ки «танҳо дар водии Вахони ноҳияи Ишкошим силсилақалъаҳои Қаҳ-Қаҳа, Ямчун, Абрешимқалъа, маъбади будоӣ, петроглифҳо, мазорҳо ва дигар ёдгориҳои таърихӣ мавҷуданд, ки ба ҳифзу навсозӣ ниёз доранд.  Агарчи як қисми онҳо аз боду борон вайрон шуда бошанд ҳам, қисмати дигарашон аз дасти худи одамон хароб гардидаанд ва чунин ҳодисаҳо ҳанӯз ҳам зиёд ба назар мерасанд. Мавҷудияти  гӯрҳои саккоӣ дар водии Ҷавшангоз, тақвими офтобӣ дар Қаракӯл, ки зиёда аз се ҳазор сол умр доранд, аз фарҳанги волои гузаштагони тоҷикони кӯҳистони Бадахшон шаҳодат медиҳанд. Муҳофизати онҳо на танҳо вазифаи давлат, балки кори ҳар як сокини ин диёр мебошад».

Дувоздаҳ сол қабл дар маркази вилоят коргоҳи ҳунармандии «Де- Памирӣ» таъсис дода шуд. Ба гуфтаи сарвари ин коргоҳ Ёралӣ Бердов, худи ҳамон сол нахустин намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ ташкил гардид. Соли 2005 эъҷози дасти ҳунармандони тоҷикони кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Бухоро ба намоиш гузошта шуд. Соли 2006 намунаи ҳунарҳои дастии ҳунармандони вилоят дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ва соли 2017 дар шаҳри Дубай намоиш дода шуданд. Айни ҳол коргоҳи мазкур бо зиёда аз 100 нафар ҳунармандони маҳаллӣ ҳамкории зич дошта, маҳсулоташро муаррифӣ менамояд. Фаъолияти пурсамари ин ташкилотро ба назар гирифта, соли 2012 онро ба узвияти Иттиҳодияи ҳунармандони Тоҷикистон пазируфтанд.

Аз назари мутахассисони соҳаи биология дар ҳудуди Помири Тоҷикистон зиёда аз 200 номгӯй растаниҳои шифоӣ мавҷуданд. Табиби халқӣ Ширинбек Давлатмамадов гуфт, ки баъзе сайёҳон ба тамошои маконҳое меоянд, ки дар он ҷо растаниҳои доругӣ мавҷуданд. Зеро онҳо ба гиёҳдармонӣ эҳтиёҷ доранд.

Дар баробари сайёҳони ватанӣ ҳамчунин ба назди ин табиб бо мақсади омӯзиши хусусиятҳои растаниҳои доругӣ  сайёҳони хориҷӣ низ  меоянд. Соли равон ду бонуи табиб аз Германия дар назди Давлатмамадов сабақи гиёҳдармонӣ гирифтанд.

Дар суҳбат инчунин доир ба масъалаи тарғиб намудани туризми кӯдакону наврасон сухан рафт. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои натуралистони ҷавон фаъолияти густурда доштанд.  Хадафи асосии онҳо дар ниҳоди кӯдакону наврасон бедор намудани ҳисси ҳифзи табиати зебо ва ифтихори ватандорӣ буд. Зарур аст, ки имрӯз ин иқдом аз нав роҳандозӣ гардад.

Декабрь 28, 2018 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти сайёҳӣ тақвият мебахшанд