Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мусодираи ҳаҷми махсусан калони маводи тарфгарӣ хабар медиҳад

Декабрь 6, 2018 16:40

ДУШАНБЕ, 06.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздошти се нафар сокинони шаҳри Душанбе ва мусодираи ҳаҷми махсусан калони маводи тарфгарӣ хабар медиҳад. 

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ноҳияи Фирдавсӣ-1 пойтахт ноболиғон- писарбачагони 16 ва 17-солаи сокинони кӯчаи А.Ғуломов ва ҷавонзани 33-солаи сокини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.

Дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии зани номбурда 19 ҳазору 250 дона маводи тарфгарии тамғаи «хлопушка» дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар соли нав тарконидани маводи тарканда, ба истилоҳ «хлопушка» қариб ба анъана табдил ёфтааст. Ин омил сабаби вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба тарсу ҳарос оварда расонидани шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони дорои бемории дил дар рӯзҳои ид мегардад.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирии воридот, фурӯш ва нигоҳдории ғайриқонунии маводи тарфгарӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Бояд гуфт, ки соли 1999 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи манъ кардани воридот ва фурӯши маводи пиротехникӣ» воридот ва фурӯши он манъ карда шудааст. Инчунин тибқи моддаи 199 –и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ба гардиши ғайриқонунии маводи шарорадор — «пиротехникӣ» машғул дар асоси банди якуми моддаи мазкур «воридоти ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ, фурӯш ва ё барои соҳибӣ ба шахси дигар дода шудааст, аз 100 то 200 нишондиҳандаи ҳисоббаробаркунӣ ҷарима андохта мешаванд»

Тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад.

Декабрь 6, 2018 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид