ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Носири Хусрав дар муддати се сол беш аз 53 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд

Январь 16, 2019 12:14

ДУШАНБЕ, 16.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Ноҳияи Носири Хусрав зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ёфтааст. Ин гӯшаи диёр бо «Чилучорчашма», обу ҳавои тоза, даштҳои васеъ, боғҳои хурраму пурсамар маъруф гаштааст. Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав низ корҳои ободониву бунёдкорӣ васеъ ба роҳ монда шуда, давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд. Ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол гирифтани 30-юмин солгарди  Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи мазкур сохтмони беш аз 53 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ дар ин бора гузориш медиҳад:

Баҳри сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    гурӯҳҳои кории  ҳукуматӣ таъсис ёфта, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат вобаста карда  шудаанд. Дар ноҳияи Носири Хусрав роҳбарии гурӯҳи кориро директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагии ин ноҳия зери назорати доимӣ қарор дорад.

Тавре Холмурод Раҳмон зикр намуд, он иншооте, ки давоми се сол дар ноҳияи мазкур бунёд мегарданд, асосан биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактаб, сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн, ҳаммом, майдончаҳои варзишӣ биноҳои истиқоматӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, инчунин гулгашту хиёбонҳо мебошанд.

Аз ҷумла, дар муддати се сол дар ноҳияи Носири Хусрав сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар марказҳои Ҷамоати деҳоти  «Наврӯз», «Истиқлол», ташкил намудани ҳуҷраҳо барои хатнаи кӯдакон дар деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти  «Фирӯза», «Наврӯз», дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти «Истиқлол», ташкили китобхона дар маркази Ҷамоати деҳоти «Фирӯза», таъмири китобхонаҳо дар  маркази Ҷамоати деҳоти «Наврӯз», Ҷамоати деҳоти «Истиқлол», сохтмони коргоҳҳои дӯзандагӣ барои 100 ҷои кор дар шаҳраки «Баҳор», дар деҳаҳои Бешкаппа, Олтинсой, бунёди сартарошхонаҳо дар шаҳраки «Баҳор», дар деҳаҳои Муродтеппа, Бешкаппа, Сангоба, Олтинсой, Арабхона, сохтмони кошонаҳои ҳусн дар шаҳраки «Баҳор»,  дар деҳаи Бешкаппа, Олтинсой, барқарор намудани фаъолияти ҳаммом дар шаҳраки «Баҳор», сохтмони ҳаммом дар деҳаи Сангоба, Олтинсой, сохтмони иншооти маишию хизматрасонӣ, ташкил намудани фермаҳои ширию молӣ  дар Ҷамоати деҳоти «Наврӯз», ва Ҷамоати деҳоти «Истиқлол», таъмир ва сангфарш намудани роҳи деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти «Фирӯза», Сохтмони хатти барқ бо зеристгоҳ барои деҳаи Рӯзиобод аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бо нангу номуси ин диёр ба нақша гирифта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки аз ҳисоби  Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири тамоми пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои ноҳияи мазкур ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 16 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шудаанд.

Кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ҷиҳати обёрии заминҳои нав ва беҳтар гардондани ҳолати мелиоративӣ кӯшиш карда, мушкилоти мавҷудаи соҳаи кишоварзиро бартараф, дар зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Дар ҳудуди ноҳия 15 иншооти гидротехникӣ, 12 обченкунак, 12 истгоҳи обкашӣ мунтазам фаъолият доранд. Идораи мазкур дар асоси шартнома ба 5 ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об — АИО «Бешкент», «Сайҳун», «Корвон», «Чашма» ва «Водии Бешкент» хизмат мерасонад. Он бо фарогирии зиёда аз 1125 хоҷагии деҳқонӣ ва аҳолии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар самти таъминоти оби полизӣ, таъмири иншоот, заҳбуру заҳкашҳо ва шабакаҳои обёрӣ нақши муҳим дорад.

Бино ба маълумоти роҳбари гурӯҳи ҳукуматӣ, давоми соли 2018 дар ноҳияи мазкур бунёди 8 иншооти соҳаи маориф, 6 коргоҳи дӯзандагӣ, 1 варзишӣ, 6 иҷтимоӣ ва 1 фарҳангӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки ҳамаи онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Соли 2019 ба истифода додани 1 иншооти соҳаи маориф ва 6 иншооти соҳаи иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Кишоварзӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти сокинони ноҳия мебошад. Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти авлатии ноҳияи Носири Хусрав, аз рӯи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, кишоварзони ноҳия аз аввали баҳори соли 2018 то давраи ҳисоботӣ дар майдони 8359 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронданд. Давоми соли 2018 29 гектар боғи меваҳои содиротӣ бунёд гардид.

Ба масъалаи занбӯриасалпарварӣ дар ноҳия диққати зарурӣ дода, аз 275 оилаи занбӯр зиёда 7,5 тонна асал истеҳсол шуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 17949 сар, чорвои майдаи шохдор 40118, паранда 26434 ва асп 445 сарро ташкил медиҳад. Чорводорони ноҳия дар ин муддат 636 тонна гӯшт, 1875 тонна шир, 242,8 ҳазор дона тухм, 40 тонна пашм ва 6,4 тонна пилла истеҳсол намуданд, ки боиси қаноатмандист.

Ба андешаи мутахасисон, иқлими ноҳия барои зиёд кардани майдони боғ мусоид аст. Шинондани дарахтони серҳосил барои таъмини талаботи пурраи аҳолии ноҳия бо мева ва зиёд намудани ҳаҷми интиқол ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва содирот ба кишвари ҳамсоя – Ҷумҳурии Ӯзбекистон замина мегузорад.

Тибқи иттилои хоҷагии ҷангали ноҳия, дар давраи ҳисоботӣ 10 гектар хати муҳофизатии ҷангал ва 10 гектар боғи мевадиҳандаи он барқарор гардид. Ҳамзамон соли 2018 дар майдони 0,60 гектар ниҳолхонаи хурд бунёд ёфт. Дар он 3400 бех ниҳоли ҳамешасабз, 1000 бех шафтолу, 1000 бех зардолу ва 500 бех гули садбарг парвариш меёбад.

Солимгардонии муҳити зист зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, давоми солҳои 2017 — 2018 ҷиҳати сарсабзу хуррам гардондани кӯчаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли гуногуни ороишӣ ва сояафкан шинонда шуд.

Дар айни замон дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошта, соҳибкорону сокинони ноҳия кӯшиш доранд, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои намоён истиқбол намоянд.

Январь 16, 2019 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ баргузор шуд
Дар деҳаи Мусофирони ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд 950 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад
Huawei — пешсафи бозори ҷаҳонӣ
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир шуд
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд ба беш аз 2 миллиард доллари ИМА расонида шуд
Соҳибкорону саноатчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қадрдонӣ гардиданд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи татбиқи лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуд