Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба ноҳияи Ишкошим 25 тонна орд интиқол дод

Январь 30, 2019 16:18

ХОРУҒ, 30.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим бар асари тармафароии пай дар пай тӯли як ҳафта баста буд. Ин   ҳолат сабаби боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орд дар ноҳияи Ишкошим гардид.

Бо мақсади коҳиш додани нархи маҳсулоти ғизоӣ кормандони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз боз шудани роҳ тавассути мошинҳои Вазорати дифои кишвар ба ноҳияи мазкур 25 тонна орд интиқол дода, бо нархи 165 сомонӣ ба фурӯш гузоштанд. Намояндаи агентии мазкур Моҳина Соҳибназарбекова гуфт, ки «баъзе тоҷирон аз баста шудани роҳи мошингард истифода бурда, нархи ордро то ба 190 сомонӣ расонданд. Аммо Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ баъди як рӯзи кушода шудани роҳи мошингард 25 тонна орд интиқол дода, нархи ин намуди маҳсулотро коҳиш дод. Роҳбандӣ ба дигар анвои маҳсулоти хӯрокворӣ, ба мисли равғану макарон, чою шакар, сабзию пиёз асаре нагузошт. Зеро дар дӯкону мағозаи марбут ба  Агентӣ захираи кофии ин намуди маҳсулот мавҷуд буд».

Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик боз 25 тонна орд ва дигар намуди хӯрокворӣ ба ин ноҳия интиқол дода шаванд.

Январь 30, 2019 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд