Аз Ироқу Сурия 6 кӯдаки тоҷик ба Ватан баргардонида шуданд,-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Январь 31, 2019 13:20

ДУШАНБЕ, 31.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба шумораи кӯдаконе, ки соли 2018 аз кишварҳои ҷангзада, ба мисли Ироқу Сурия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудаанд  ва  дар самти баргардонидани кӯдакони боқимонда аз ин давлатҳо  аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак  дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ  чӣ тадбирҳо андешида мешаванд, чунин гуфт:

«Шумораи кӯдаконе, ки соли сипаришуда ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд, тибқи маълумоти расмӣ, 6 нафарро ташкил медиҳад. Дар айни замон вазъи будубоши онҳо таҳти назорати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад».

Ҳамчунин мавсуф зикр намуд, ки «боиси таассуф аст, ки  волидайн ин кӯдаконро ҳамроҳи худ ба кишварҳои ҷангзада мебаранду андеша намекунанд, ки бо онҳо чӣ ҳодисаву рӯйдод рух медиҳанд. Баъзе аз волидайн бо ҷурмҳои номуайян маҳкум мегарданд. Дар оянда мо дар ҳамкорӣ бо  Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати баргардонидани ин гуна кӯдакон ба Ватан тамоми кӯшишҳоро равона менамоем, то онҳоро сари вақт ба Тоҷикистон баргардонем».

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 дар бораи зарурати таъсис додани ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таҳкими ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак таъкид намуданд. Ҳамин тариқ, 15 марти соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» боби алоҳида ворид карда шуд, ки мутобиқи он вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Фаъолияти ин ниҳод асосан ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон равона карда шудааст.

Январь 31, 2019 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд