Болоравии нархи орд ба баланд шудани нархи ғалла дар Қазоқистон рабт дорад-бардошт аз нишасти Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Январь 30, 2019 14:15

ДУШАНБЕ, 30.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ба саволи хабарнигорон доир ба болоравии нархи орд иброз дошт, ки яке аз сабабҳои асосии боло рафтани нархи орд — ин пеш аз ҳама, баланд шудани нархи  ғалла  дар Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.  Имрӯзҳо асосан воридоти ғалла ба Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон сурат мегирад. Соҳибкорони Тоҷикистон аз Қазоқистон ғалла харида, дар корхонаҳои худ коркард мекунанд ва ҳамчун орди истеҳсоли ватанӣ онро ба фурӯш мебароранд.

«Соли 2018 истеҳсоли ғалла дар дигар давлатҳо паст шуд ва талабот ба ғаллаи Ҷумҳурии Қазоқистон зиёд гардид. Бо  сабаби зиёд шудани талабот Қазоқистон низ бо истифода аз ин фурсат нархи маҳсулоти худро баланд намуд. Ҳамчунин фарқияти қурби асъор низ ба болоравии нарх таъсиргузор буд»,- гуфт Саъдӣ Қодирзода.

Ба зикри номбурда, моҳи январ нархи орд боз каме боло рафт. Вале новобаста аз ин, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо соҳибкорон перомуни ин масъала мулоқоту  суҳбатҳо баргузор намуд. Ҳоло ин соҳибкорон  дар бозорҳои шаҳри Душанбе  ордеро, ки 185 сомонӣ  ба фурӯш меравад,  бо нархи 165 сомонӣ манзури харидорон намуда истодаанд.

Январь 30, 2019 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд