Бозиҳои ниҳоии Чемпионати 17-уми Осиё оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои ниҳоии Чемпионати 17-уми Осиё оид ба футбол расман оғоз гардиданд. Маросими расмии ифтитоҳи ин бозиҳоро, ки дар варзишгоҳи Шайх Зайди Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид, шореҳи АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев шарҳ медиҳад.
Дар маросими бошукӯҳи ифтитоҳи бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё намояндагони воломақоми Федаратсияи байналмилалии футбол, Конфедератсияи футболи Осиё, мақомдорони расмӣ ва беш аз 50 ҳазор тамошобин иштирок намуданд. Пас аз 13 дақиқаи маросими расмӣ, дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб-мизбонон ва Баҳрайн бо ҳам қувва озмуданд. Ин вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ҷамъбаст гардид.
Дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати 17-уми Осиё бори аввал 24 даста ширкат меварзанд. Аз ҷумла, дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб (ба ҳайси мизбон), Эрон (чемпиони секаратаи Осиё), Австралия (чемпиони яккаратаи Осиё), Япония (чемпиони чоркаратаи Осиё), Кореяи Ҷанубӣ (чемпиони дукаратаи Осиё), Арабистони Саудӣ (чемпиони секаратаи Осиё), Чин (чемпиони дукаратаи Осиё), Сурия, Ӯзбекистон (як маротиба соҳиби ҷои чорум), Ироқ (чемпиони яккаратаи Осиё), Қатар (ду маротиба то ба чорякфинал баромадааст), Таиланд (як маротиба соҳиби ҷои сеюм), Қирғизистон (бори аввал ба марҳилаи бозиҳои финалӣ баромад), Лубнон (маротибаи дуввум ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфт), Фаластин ( бори дуюм ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфт), Уммон, Ҳиндустон (як маротиба соҳиби ҷойи дуюм), Ветнам (ду маротиба соҳиби ҷои чорум), Кореяи Шимолӣ (як маротиба соҳиби ҷойи чорум), Филиппин (бори аввал ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт), Баҳрайн (як маротиба соҳиби зинаи чорум), Урдун, Яман (ширкати аввалинаш дар бозиҳои финалӣ) ва Туркманистон (бори дуввум ба бозиҳоии ниҳоӣ роҳ меёбад) иштирок мекунанд.
Куръакашӣ дастаҳоро дар гурӯҳҳо чунин муайян кард:
Гурӯҳи А
Амороти Муттаҳидаи Араб, Таиланд, Ҳиндустон ва Баҳрайн
Гурӯҳи Б
Австралия, Сурия, Фаластин ва Урдун
Гурӯҳи С
Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Қирғизистон ва Филиппин
Гурӯҳи Д
Эрон, Ироқ, Ветнам, Яман
Гурӯҳи И
Арабистони Саудӣ, Қатар, Лубнон, Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея
Гурӯҳи Ф
Япония, Ӯзбекистон, Уммон ва Туркманистон
Тибқи низомнома, аз ҳар гурӯҳ ду даста ба бозиҳои ҳаштякниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Расми пӯшидашавӣ ва бозии финалӣ 1 феврал барпо хоҳад шуд.








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд






