ЧӢ, ДАР КУҶО, ЧӢ МИҚДОР? Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар рақамҳо

Январь 2, 2019 12:15

ДУШАНБЕ, 02.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои ташаккули рақобатпазирӣ дар бозори сайёҳӣ рушди инфрасохтор, стратегияи таъсирнок барои пешрафти маҳсулоти сайёҳии ватанӣ, диққат додан ба самтҳои калидии бозори сайёҳӣ, ки метавонанд туризми воридотӣ ва дохилиро ба иқтисоди даромадноки Тоҷикистон табдил диҳад, хеле муҳим мебошад.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар соли 2018 барои амалӣ гардонидани ин мақсадҳо ва таъмини омилҳои муваффақи рушди сайёҳии воридотӣ ва дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, унсурҳои рушди иқтисодӣ, пойдор нигоҳ доштани нуфӯзи кишвар ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум корҳои муайяне ба сомон расонида шуд.

Дар самти мукаммалгардонии заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва рушди инфрасохтор

▲ Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 қабул ва бомаром амалӣ шуда истодааст. Дар доираи Барномаи мазкур ба ҳалли масъалаҳои такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ба роҳ мондани муколама ва шарикии давлату бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ, тақвият бахшидан ба фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, коркард ва интишори маводҳои иттилоотӣ ва тарғибу ташвиқи он, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори сарироҳӣ, инчунин тарбияи мутахассисон барои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ диққати зарурӣ дода шудааст.

▲ Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва бори нахуст нишондиҳандаҳои (индикаторҳои) рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд.

Стратегия тавассути се давраи миёнамуҳлат, ки ҳар яки он 4 солиро дар бар мегирад, амалӣ карда мешавад, ки дар ин марҳилаҳо ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳӣ диққати асосӣ равона карда мешавад.

▲ Барои татбиқи имтиёзҳои фароҳамовардаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рўйхати иншооти сайёҳие, барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018, №189 тасдиқ гардид. Бо истифода аз имтиёзи мазкур 10 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

▲ Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” ва “Дар бораи сайёҳӣ” дар таҳрири нав таҳия гардидаанд.

▲ Дар соли 2018 75 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуданд ва дар маҷмуъ шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 145 адад расид .

▲ Дар соли 2018, 247 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ (меҳмонхона, осоишгоҳу истироҳатгоҳ, ҳостел, маҷмааҳои сайёҳӣ) ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ хизмат расониданд.

▲ Дар соли 2018, шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ 4265 нафарро ташкил дод.

▲ Шумораи меҳмонхонаҳо дар ҷумҳурӣ – 297 адад, аз ин шумора 37 адад дар соли 2018 бунёд шудааст.

▲ Шумораи меҳмонхонаҳои дар ҷараёни сохтмон қарордошта — 41

▲ Шумораи утоқҳои қабули сайёҳон — 245

(ВМКБ — 137 , Хатлон — 75, Суғд — 8, НТҶ — 25)

▲ Шумораи осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои бунёдгашта — 94

(ВМКБ — 23, Хатлон — 35, Суғд — 13, НТҶ — 23)

▲ Шумораи осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои дар ҷараёни сохтмон қарордошта — 38

▲ Шумораи ташнобҳои бунёдгашта — 329

▲ Гушаҳои иттилоотии сайёҳӣ — 60

ВМКБ — 4;

Хатлон — 3;

Суғд — 15;

НТҶ — 18;

Душанбе — 20.

Тадбирҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ

▲ Сомонаи (портали) миллии сайёҳӣ бо 5 забон, аз ҷумла забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва испанӣ омода ва дар шабакаи интернет фаъол гардонида шуд. Рузҳои наздик ба забонҳои ҷопонӣ ва фаронсавӣ низ тарҷума карда мешавад;

▲ Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Ютуб”, “Фейсбук”, “Инстаграмм” ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи сайёҳӣ фаъол карда шуд;

▲ Дар шабакаи “Ютуб” 50 видео роликҳои ҷолиби сайёҳӣ бо сифати баланд гузошта шуд;

▲ Форум ва намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Норак баргузор гашта, дар маҷмуъ 53 санади ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ ба имзо расонида шуд;

▲ Рӯзои 9-10 августи соли 2018 бори нахуст дар кишвар ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сайёҳӣ баргузор гардид;

▲ 8 сентябри соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд;

▲Фестивали сайёҳии “Навруз — мероси фарҳангии сайёҳӣ”, Фестивали “Ҷилваи Чакан”, Фестивали байналмилалии сайёҳии “Рангоранг”, Фестивали байналмилалии сайёҳии таомҳо ва пуфакҳои ҳавоии “Пур Нур” дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд;

▲ Дар давоми сол намоишгоҳҳои маҳсулоти ҳунармандии “Рӯзи заргарон”, “Рӯзи оҳангарон”, “Рӯзи чакандузон”, “Рӯзи косибон”, намоишгоҳи якмоҳаи ҳунармандон дар Галереяи санъати муосири Маркази тиҷоратии “Ашан”, намоишгоҳи баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳии ҳунармандон, намоишгоҳи “Чакан” дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд;

▲ Аз оғози сол ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва намояндагони Кумита дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии бонуфузи ҷаҳонӣ ширкат доштанд. Аз ҷумла:

— “ITB-Берлин” — Олмон;

— “Интурмаркет” — Москва, Федератсияи Россия;

— “МИТТ” — Москва, Федератсияи Россия;

— “Топ Реса” — Париж, Фаронса;

— “JATA Ҷопон” -– Токио, Япония;

— Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Рим, — Рим, Италия;

— Намоишгоҳи хурокҳои “Слов Фуд” — Рим, Италия;

— “Туризм ва путешествие” Остона, Қазоқистон;

— Намоишгоҳи Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ Алмато, Қазоқистон;

— Намоишгоҳи дастовардҳои Тоҷикистон Тошканд, Узбекистон;

— Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тошканд — Тошканд, Узбекистон;

— Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Салоники — Салоники, Юнон;

— Форум ва намоишгоҳи дуҷонибаи сайёҳии Тоҷикистону Корея — Сеул, Кореяи ҷанубӣ;

— Форум ва намоишгоҳи дуҷонибаи сайёҳии Тоҷикистону Малайзия — Куала Лумпур, Малайзия;

— Форум ва намоишгоҳи дуҷонибаи сайёҳии Тоҷикистону Қатар — Давҳа, Қатар;

— Форуми сармоягузорию сайёҳии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ — Риёз, Ҷидда, Арабистони Саудӣ;

— Форуми сармоягузории сайёҳии Тошканд — Тошканд, Узбекистон;

— Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Пекин, Боку ва Брюсел.

Ташкили пресс-турҳо аз мавзеъҳои сайёҳии ҷумҳурӣ:

— пресс-тур барои роҳбарон ва намояндагони агентиҳои иттилотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

— пресс-тур барои ВАО 11 кишвари олам;

— пресс-тури “Digital Silk Road” барои намояндагони ВАО-и Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия;

— Боздид ва таҳияи барномаи сайёҳӣ аз ҷониби Шабакаи телевизионии KBS — Кореяи ҷанубӣ;

— Боздид ва таҳияи барномаи сайёҳӣ аз ҷониби Шабакаи телевизионии “НТВ”, барномаи “Поедем, Поедим”;

— Боздид ва таҳияи барномаи сайёҳӣ аз ҷониби Шабакаи телевизионии Конфедератсияи Шветсария.

— Ташкили 30 хатсайри нави сайёҳӣ ба минтақаҳои мамлакат.

Ҳунарҳои мардумӣ

▲ Дар миқёси ҷумҳурӣ то имрӯз 6805 нафар ҳунармандоне, ки ба фаъолият машғуланд, ба руйхат гирифта шуданд, аз ҷумла:

— ВМКБ — 563

— Вилояти Хатлон — 2431

— Вилояти Суғд — 1831

— НТҶ – 1424

— Душанбе — 556

▲ Мағозаи фуруши армуғонҳо — 140

— ВМКБ — 7

— Хатлон — 55

— Суғд — 30

— НТҶ – 13

— Душанбе – 35

Сайёҳӣ–ин фаъолиятест, ки хусусияти умумӣ ва гуногунпаҳлу дошта, раванди барқарорсозии қобилияти корӣ, фаъолияти фарҳангӣ-маърифатӣ, ташаккули руҳӣ-ахлоқӣ ва дилхушӣ-тафреҳӣ (рекреатсионӣ)-ро дарбар мегирад.

Индустрияи сайёҳӣ яке аз шаклҳои бо таври динамикӣ рушдёфта дар хизматрасониҳои байналмиллалии савдо аст. Индустрияи сайёҳӣ дар ҷаҳон доимо дар ҳоли рушд аст ва он ба таъсири туризм дар иқтисоди ҳар як кишвари алоҳида алоқаманд аст.

Дар иқтисоди давлатҳо сайёҳии байналмилалӣ вазифаҳои муҳимро иҷро мекунад, аз ҷумла:

  1. Сайёҳии байналмилалӣ сарчашмаи даромади асъорӣ барои мамлакатҳо ва воситаи таъмини ҷои корӣ аст.
  2. Сайёҳии байналмиллалӣ маблағгузориҳои хориҷӣ ва маҷмўи даромадҳои миллии мамлакатҳоро васеъ менамояд.
  3. Сайёҳии байналмилалӣ барои диверсификатсия (гуногуншакли)-иқтисодиёт, ташкили соҳаҳои нав ва хизматрасониҳои соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
  4. Бо афзоиши ҷои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ даромади аҳолӣ ва сатҳи некўаҳволии мардум баланд бардошта мешавад.

Ҳоло сайёҳии байналмилалӣ дар радифи соҳаҳои калонтарини содиротӣ: саноати нефтӣ ва автомобилсозӣ, ки 11% ва 8,6% содироти ҷаҳонро ташкил медиҳанд, қарор дорад.

 

Январь 2, 2019 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ шуд
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ гардид
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Линии Чин табодули таҷриба менамоянд
«TOURIST MAP TAJIKISTAN». Он барои ба сайёҳон муаррифӣ намудани мавзеъҳои Тоҷикистон таҳия гардид
Бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамоиш доир гардид
Вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«РОҲГАРДИИ СКАНДИНАВӢ». Дар Тоҷикистон мусобиқаи варзишии сайёҳӣ аз ин намуд баргузор мегардад
«ҲАФТКӮЛ». Ҷоиз аст, ки ин мавзеи зебои Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардад