Чемпионати Осиё: дастаҳо ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ саф кашиданд

Январь 23, 2019 12:13

ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз бо баргузории  ду бозии охирини 1/8- ниҳоии Чемпионати 17-уми Осиё   дар Амороти Муттаҳидаи Араб ғолибони ҳама ҷуфтҳо муайян гардиданд. Дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар дар муқобили Баҳрайн ва Ироқ аз охиринҳое буданд, ки  ҳаққи ширкат дар бозиҳои ¼-ниҳоиро ба даст оварданд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ  мавзӯъро шарҳ медиҳад.

Аз ин пештар бозиҳои 1/8-ниҳоии Чемпионати Осиё ин қадар пуршиддат нагузашта буданд. Дар вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ – соҳиби ҷои аввали гурӯҳи «С» ва мақоми сеюми гурӯҳи «А» -дастаи мунтахаби Баҳрайн  доварон бори дигар барои муайян кардани ғолиб ба таъйини қисмҳои иловагии сеюм ва чорум рӯ оварданд. Аз ин пештар бозии байни дастаҳои мунтахаби  Урдун бо Ветнам, Австралия бо Ӯзбекистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо Қирғизистон ин сон анҷом ёфта буданд. Ба замми ин дар ду маврид қисмҳои сеюм ва чорум низ барои ғолибро муайян кардан кумак накарданд. Танҳо силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ дастаҳоро ба даври ¼-ниҳоӣ бароварданд.

Вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ва Баҳрайн бо бартарии кореягиҳо паси сар шуд ва онҳо аввалин шуда, ҳисобро боз карданд. Ҳванг Ҳӣ-чан дар дақиқаи 43-юм гол зад. Муҳаммад Алрумайҳӣ дар дақиқаи 77-ум ҳисоби бозиро баробар кард ва дар қисми аввали изофӣ Ким Ҷин-су (103-юм дақиқа) бори дигар бартарии кореягиҳоро бо гол ҷамъбаст карда, натиҷаи 2:1 дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубиро ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ баровард.

Дар ҷуфти дуввуми рақобатҳои рӯзи гузашта дастаи мунтахаби Қатар Ироқро бо як голи задаи Ҳишом Арровӣ (62) ба шикаст рӯ ба рӯ кард ва қатариҳо муборизаро барои Ҷоми миллатҳои Осиё идома медиҳанд.

Ба ҳамин тартиб, бозиҳои ¼-ниҳоӣ пагоҳ шурӯъ мешаванд. Дастаҳои мунтахаби Ветнам бо Япония ва Чин бо Эрон 24 январ,  Кореяи Ҷанубӣ бо Қатар ва Амороти Мутаҳидаи Араб бо Австралия 25 январ вориди майдон  мешаванд.

Ҷоми Осиё, 1/8 финал:

Кореяи Ҷанубӣ – Баҳрайн – 2:1 (қисмҳои иловагӣ)

Голҳо: Ҳванг Ҳӣ-чан-43 (1:0), Муҳаммад Аррумайҳӣ- 77 (1:1),  Ким Ҷин-су 103 (2:1).

Қатар — Ироқ — 1:0

Гол:  Ҳишом Арровӣ 61 (1:0).

Январь 23, 2019 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд