Чемпионати Осиё: дастаи мунтахаби Қирғизистон дар бозӣ бо дастаи Чин мағлуб гардид
ДУШАНБЕ, 09.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи рақобатҳои бозиҳои финалии Чемпионати Осиё дастаи мунтахаби Қирғизистон дар бозии аввали гурӯҳи «С» аз дастаи мунтахаби Чин бо натиҷаи 2:1 мағлуб гардид. Мавзӯъро Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.
Дар вохӯрӣ Аҳлиддин Исроилов дар дақиқаи 42-юм дастаи мунтахаби Қирғизистонро ба сафи пеш баровард. Аммо футболбозони Чин дар оғози нимаи дуввум, дар дақиқаи 50-ум бо иштибоҳи дарвозабони қирғизҳо-Павел Матяш ҳисобро баробар карданд. Ӯ голи худиро (автогол) ба самар расонд. Дар дақиқаи 78-ум боз як хатои даврвозабон фурсати голзаниро ба Юй Дабао фароҳам овард ва ин бозингар тӯби дуюми дастаи мунтахаби Чинро вориди дарвоза кард.
Дар бозии дуввуми гурӯҳи «С» дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бар Филиппин бо ҳисоби 1:0 дастболо гардид. Ягона тӯбро Хван Ийҷо дар дақиқаи 67-ум ба нишон расонд.
Бозиҳои гурӯҳи «Д»-ро дастаи мунтахаби Эрон бо ғалабаи фавқулодаи 5:0 бар Яман шурӯъ кард. Дар нимаи аввал футболбозони эронӣ ба дарвозаи ҳариф се тӯб заданд. Меҳдӣ Торимӣ дар дақиқаҳои 12 ва 25 ва Ашкон Дежага дар дақиқаи 23-юм муаллифи голҳо гардиданд.
Дар нимаи дуввум низ шогирдони Карлуш Кейруш имкон надоданд, ки футболбозони Яман ба самти дарвозаи Эрон ягон зарба зананд. Баръакс ҳуҷуми дастаи мунтахаби Эрон ду маротибаи дигар бо гол анҷом ёфт. Сардор Озмун дар дақиқаи 53-ум голи чорум ва Сомон Қуддус дар дақиқаи 78-ум голи панҷумро ба ҳадаф расониданд.
Дар ин гурӯҳ дастаи мунтахаби Ироқ Ветнамро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.
Ниҳоят дар гурӯҳи «И» дастаи мунтахаби Арабистони Саудӣ бар дастаи Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. .
Натиҷаи бозиҳо дар гурӯҳҳо то ба имрӯз чунин аст:
Гурӯҳи «А»
АМА – Баҳрайн – 1:1
Таиланд – Ҳиндустон – 1:4
Гурӯҳи «Б»
Австралия – Урдун – 0:1
Сурия — Фаластин 0:0
Гурӯҳи «С»
Чин – Қирғизистон – 2:1
Кореяи Ҷанубӣ – Филиппин – 1:0
Гурӯҳи «Д»
Эрон – Яман – 5:0
Гурӯҳи «И»
Арабистони Саудӣ – Кореяи Х.Д. 4:0
Имрӯз дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон бо Уммон, Япония бо Туркманистон ва Қатар бо Лубнон вориди сабқат мешаванд.













Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






