Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе дар Туркия марҳилаи омодагиро идома медиҳад

Январь 30, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 30.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон–дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи сеюм аст, ки марҳалаи омодагиро ба бозии интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон дар шаҳри Анталияи Туркия идома медиҳад. Тавре сомонаи расмии даста менависад, шоми дирӯз дастаи «Истиқлол» дар як бозии таҷрибавӣ бо дастаи «Тобол»-и Қазоқистон ба майдон омада. бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуд.

Ҷамъомади машқии даста дар Туркия то 9 феврал идома ёфта, шогирдони Ҳаким Фузайлов боз 4 бозии санҷишии худро бо дастаҳои «Челик» (Босния ва Герсоговина, 31 январ), «Кеге» (Дания, 3 феврал), «Суғдиён» (Ӯзбекистон, 7 феврал) ва боз як дастаи дигар, ки интихоб мешавад (баргузории бозӣ ба 5 феврал гузошта шудааст), анҷом медиҳанд.     Ҳоло бозингарони зиёде дар ҳайати «Истиқлол» аз назари мураббиён мегузаранд. Онҳое, ки ба талаботи даста ҷавоб медиҳанд, ба ҳайат пазируфта хоҳанд шуд.

Баъди анҷоми машғулиятҳо дастаи «Истиқлол» мустақиман барои анҷом додани бозии интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо дастаи АГМК  ба Ӯзбекистон ҳозир мешавад.

29.01.2019, Анталия

Бозии таҷрибавӣ

«Истиқлол» — «Тобол» (Қазоқистон)— 1:2

ГолҳоФатҳулло Фатҳуллоев, 14 (0:1). Михаил Гордейчук, 44 (1:1).  Максим Федин, 85 (1:2).

«Истиқлол» (Душанбе):  Рустам Ятимов, Искандар Ҷалилов (Фируз Қараев, 66), Ҷалил Кимсанов (Бахтиёр Қаландаров, 52), Алексей Ларин (Шаҳром Самиев, 66), Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 52), Алишер Ҷалилов (Нозим Бобоҷонов, 63), Михайло Сакич (Амирбек Ҷӯрабоев, 52), Комрон Турсунов (Шаҳром Сулаймонов, 63), Фатҳулло Фатҳуллоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Сулаймон Муҳадов (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Виулен Айвазян (Шериддин Бобоев, 58).

Довар дар майдонТомаш Марчиниак (Полша).

Январь 30, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд