Дар Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 доир гардид. Дар он сармураббиёни дастаҳои мунтахаб оид ба бокс ва таэквондо WT гузориш доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.
Зикр шуд, ки муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Ризо Назарзода зимни ҷаласа иброз дошт, ки сармураббиёни дастаҳои мунтахаб оид ба қаиқронӣ, гӯштини озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, дзюдо ва каратэ-до фаъолияташонро ҷоннок кардаанд, аммо дигар намудҳо ба ин кор муносибати ҷиддӣ намекунанд.
Ҳамзамон изҳори нигаронӣ карда шуд, ки бисёр сармураббиёни дастаҳои мунтахаб, ҳамзамон кормандони федератсияҳо ҳастанд, ки ба фаъолияти онҳо халал мерасонанд. Аз ҷумла, дар намудҳои камонварӣ, тенниси рӯи миз ва ҳандбол чунин мушкилӣ ба мушоҳида мерасад. Пешниҳод карда шуд, ки вобаста ба ин масъала ба унвони федератсияҳо мактуби расмӣ ирсол карда шавад.
Ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Мирзо Шамсиев зикр намуд, ки дар намуди олимпии бокс 3 раунди седақиқаӣ сурат мегиранд. Дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи бокс аз рӯи 8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни бонувон баргузор хоҳад шуд.
Тибқи талаботи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои бокс (AIBA) муштзанони касбӣ, ки то 15 рақобат кардаанд, имкони иштирок дар Бозиҳои олимпиро доранд.
Дар идома аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс муаррифӣ шуда, зикр гардид, ки ду нафар миёни мардон – Баҳодур Усмонов (вазни 63 кг), Шаҳбоз Негматуллоев (81кг) ва ду нафар миёни бонувон – Шоира Зулқайнарова (60кг), Идимоҳ Холова (69кг) агар омодагиашон дар асоси нақша амалӣ гардад, имкони гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро доранд.
Тибқи нақша, ҳар варзишгар бояд дар як сол дар 6-8 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок кунад ва ба 6-8 ҷамъомади машқӣ-таълимии дохил ва хориҷ аз кишвар фаро гирифта шавад.
Аввалин мусобиқаи байналмилалӣ барои варзишгарони мо мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба шумор меравад, ки 19-24 феврал доир мегардад. Давоми сол дастаи мунтахаб ба ғайр аз мусобиқаҳои байналмилалӣ инчунин дар чемпионати Осиё (моҳи июн дар Тайланд) ва дар сурати дарёфти роҳхат дар чемпионати ҷаҳон (7-21 сентябр дар Екатеринбурги Россия) иштирок хоҳад кард.
Гуфта шуд, ки то ҳол системаи интихобии намуди бокс ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 тасдиқ нашудааст ва иттилоъ дода шуд, ки қарори ниҳоӣ оид ба ин масъала моҳи апрели соли равон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ қабул мегардад.
Сармураббии дастаи мунтахаби кишвар оид таеквондо WT Далер Фозилов зимни ироаи гузориш, аз ҷумла гуфт, ки мусобиқаи олимпии таэквондо аз рӯи 4 вазн миёни мардон ва 4 вазн миёни бонувон сурат мегирад. Аъзои дастаи мунтахаби кишвар барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ ҷиддӣ омодагӣ дида истодаанд.
Аз ҷумла, аввали сол бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш даста ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуд.
Варзишгарон роҳхати олимпиро ҳам тариқи раддабандӣ ва ҳам тариқи мусобиқаҳои интихобӣ ба даст меоранд.
Дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба таэквондо муаррифӣ шуд ва зикр гардид, ки феълан дар раддабандии ҷаҳонии ин намуди варзиш аз ҷумҳурии мо танҳо Моҳру Ҳалимова ворид гардидааст.
Барои дар раддабандии ҷаҳонӣ мавқеъ ёфтан варзишгарон бояд дар ҳамаи мусобиқаҳое, ки бо сарпарастӣ ё дар мувофиқа бо таэквондои ҷаҳонӣ (WT) ташкил мешаванд, ширкат намоянд.
Дар асоси таҳлилҳо, миёни бонувон Моҳру Ҳалимова ва миёни мардҳо Хуррам Меҳтаршоев имкони гирифтани роҳхати олимпиро доранд.
Дар анҷоми ҷамъомад оид ба бартараф кардани мушкилиҳои соҳа, хусусан оид ба дастгирии варзишгарон фикру андешаҳо баён гардиданд.








Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид






