Дар робита ба боришоти беисти барф дар Бадахшон ҷаласаи фаврии ситоди сохторҳои вилоятӣ баргузор гардид

Январь 16, 2019 10:45

ДУШАНБЕ, 16.01.2019 /АМИТ  «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, бинобар боришоти беисти барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳи сатҳи байналмилалии Хоруғ-Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ва Шуғнон баста мебошад. Дар робита ба ин ҳодиса имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Ёдгор Файзов ҷаласаи фаврии ситоди сохторҳои вилоятӣ баргузор гардид.

Дар ситоди навбатӣ масъалаҳои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода, сари вақт тоза кардани  роҳҳои мошингард аз барф ва таъмини фаъолияти минбаъдаи муассисаҳои таълимию тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даҳ Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят  38 тонна маводи сӯзишворӣ дар ихтиёри роҳсозон қарор  дорад. Вале камчини техникаи роҳсозӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳолат сабаби ташвиш мебошад.

Бино ба иттилои масъулини  Идораи хоҷагиҳои роҳҳои мошингарди  Вилояти Мухтори Кӯҳистори  Бадахшон, бинобар фаромадани  26 тарма дар роҳҳои мошингарди ҳудуди вилоят  роҳҳо  баста шудаанд.

Январь 16, 2019 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст