Дар се соли оянда тамоми ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар бо интернети баландсуръати 4G таъмин мешаванд

Январь 28, 2019 14:26

ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар бо интернети баландсуръати 4G таъмин мешаванд. Дар ин бора имрӯз, 28 январи соли равон  муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев дар нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» посух дод.

Ба гуфтаи номбурда, Хадамоти алоқа низ чун дигар мақомоти кишвар ба истиқболи сазовори ин ҷашни миллӣ нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намудааст. Тибқи он, дар ин давра дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, хусусан кӯҳистони мамлакат дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ алоқаи стандарти «насли нав» барқарор карда мешавад.

«Инчунин бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо алоқаи босифат дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе истгоҳҳои базавӣ насб карда мешаванд. Зеро вақте алоқа устувор нест, интернет низ хуб кор намекунад»,-илова намуд мавсуф.

Бино ба маълумоти Илҳом Атоев, суръати интернети мобилие, ки то соли 2018 ба Тоҷикистон ворид мешуд, 10 гигабайтро ташкил медод. То охири соли 2018 ин нишондоди техникӣ ба 20 гигабайт расонида шуд. «Он технологияе, ки айни ҳол насб карда шуд, имконият медиҳад, ки то охири соли 2019 суръати интернет дар мамлакат ба 50 гигабайт расонида шавад»,- гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки дар соҳаи алоқаи барқӣ байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мухобироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар доираи Созишномаи мазкур дар соҳаи алоқаи барқӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ як зумра лоиҳаҳо амалӣ хоҳанд шуд.

Январь 28, 2019 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид