Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ моҳвораи бозиҳои ҳарбӣ-варзишӣ оғоз ёфт
ХОРУҒ, 26.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 23 январ то 23 феврал ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат Моҳвораи маҳфилҳои гуногуни маърифатӣ ва бозиҳои варзишию ҳарбӣ баргузор мегарданд. Ба ин муносибат дар толори намояндагии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ширкати хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ ва бозиҳои варзишию ҳарбӣ баргузор гардиданд.
Муовини раиси ташкилоти мазкур Исматулло Назиров хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимиро ба хотири оғози ин моҳвора табрик карда, изҳор намуд, ки «ҳадафи аслии он дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани наврасон ва такмил додани дониши назариявию амалии онҳо оид ба масъалаҳои низомӣ мебошад. Зеро баъди як ё ду сол ин наврасон ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор мегарданд ва агар ҷисману рӯҳан солим ва бо техникаи ҳарбӣ шинос бошанд, зимни хизмат ҳеҷ душворӣ нахоҳанд кашид».
Баъди ҷамъомади тантанавӣ хонандагон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, аз намудҳои ҷудо ва бо ҳам пайваст кардани автомати Калашников, дастхобонӣ, турниккашӣ, тирпарронӣ ва ба рӯй кашидани ниқоби газӣ байни ҳам сабқат намуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар ҳамаи намудҳои варзиш фаъолона ширкат карда, маҳорату истеъдоди хуб нишон доданд.
Муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа Исматулло Назиров гуфт, ки гарчанде ташкилоти онҳо тамоми фасли сол бо муассисаҳои таълимии шаҳр ва ҷавонони синни даъватӣ робитаи зич дорад, аммо бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ шумораи барномаҳояшонро боз ҳам густариш медиҳанд.
Бояд гуфт, ки бозиҳои варзишию ҳарбӣ то 23 феврал идома меёбанд ва ғолибони мусобиқа дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз мегарданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






