Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо ҷамъомади машқию таълимиро ба анҷом расонид
ДУШАНБЕ, 07.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 декабри соли 2018 то 6 январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи таэквондои Тоҷикистон бо мақсади омодагии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (WTF) ба мусобиқаҳои байналмилалӣ миёни ҷавонон ва калонсолон ҷамъомади машқию таълимӣ баргузор гардид.
Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷони Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зикр шуд, ки дар мусобиқа варзишгарон дар ҳайати дастаҳои Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ, ШНТМ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аз мураббиёни ин намуди варзиш Далер Фозилов, Исломиддин Фозилов ва Сафарбек Тошматов тарзу усулҳои нави таэквондоро омӯхтанд.
Ба варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Вафоназар Аланазаров низ нозукиҳои таэквондоро омӯзонид.
Бо мақсади дар амал дидани тарзи баҳогузорӣ, истифодаи усулҳои нав бо истифода аз технологияи муосир, ки федератсия дастрас кардааст, миёни варзишгарон мусобиқаи санҷишӣ баргузор гардид.








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






