Давлатманд Исломов комиссари бозӣ миёни Австралия ва Урдун дар Ҷоми Осиё-2019 таъйин шуд

Январь 3, 2019 13:00

ДУШАНБЕ, 03.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ба рӯйхати ҳашт комиссар дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2019  ворид шуда, 6 январ  дар вохӯрии аввалин дар Аморати Муттаҳидаи Араб фаъолият хоҳад кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

«Исломов ба сифати комиссар дар бозии нахустини гурӯҳи «Б» миёни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Урдун  фаъолият мекунад. Бозӣ рӯзи якшанбе, 6 январ, соати 15:00 бо вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи «Ҳазза бин Зайед» дар Ал-Айн оғоз мегардад», — гуфта шудааст дар хабари ФФТ.
Ёдовар мешавем, ки қисмати финалии бозиҳои Ҷоми Осиё-2019 аз 5 январ то 1 феврал дар Аморати Муттаҳидаи Араб бори аввал бо иштироки 24 дастаи  мунтахаби кишварҳо баргузор мегардад.

Январь 3, 2019 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд