Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон соли 2018 соҳиби 3 медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 29.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 се нафар бонувони ихтироъкори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи тиб сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, ин се нафар бону дар 11-умин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ штирок намуда, обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштанд.
“Дар Форум номзади илмҳои тиб, мудири кафедраи физиологияи нормалӣ Фариза Ҳалимова барои ихтирои “Тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ” соҳиби 2 медали тилло ва 5 сертификат барои ихтироот дар соҳаи тиб аз ҷониби Ассотсиатсияи ихтироъкорони давлатҳои Гурҷистон, Германия, Македония ва Индонезияву Таиланд гардид. Аспиранти кафедраи кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ Мижгона Шуҳратзода барои ихтирои “Метрарги фаъолияти зиддимикробӣ зоҳиркунанда” соҳиби медали тилло ва аспиранти кафедраи ҷарроҳии умумии №1 Шабнам Муродова барои ихтирои “Тарзи ташхиси лапароскопии дараҷаи долихосигма” соҳиби медали нуқра гардиданд”,-гуфт ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.
Ба иттилои мавсуф, инчунин соли 2018 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои корҳои эҷодӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаи тиб бо ҷоизаи махсус- Ҷом ва шоҳҷоизаи озмуни KIWA сарфароз гардида, медали тилло ба даст овард.








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






