ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба тамрин оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 04.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дастаи мунтахаби то 23-солаи олимпии Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Душанбе ба машғулиятҳои машқию омӯзишӣ шурӯъ намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр шуд, ки ба ҷамъомади машқӣ-омӯзишӣ сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Усмон Тошев бозингаронеро даъват кардааст, ки дар ҳайати дастаи миллии кишвар дар бозӣ ба муқобили Уммон ва Баҳрайн набуданд. Футболбозоне, ки дар бозиҳои моҳи декабр маҳорати хуб нишон доданд, баъдтар ба машғулиятҳо ҳамроҳ мешаванд.
Аз натиҷаи машғулиятҳои машқӣ-омӯзишии Душанбе ҳайати даста ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Чор миллат» дар Қатар интихоб мегардад.
Дар Доҳа дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон муқобили дастаҳои мунтахаби олимпии Эрон (15 январ), Қатар (18 январ) ва Кувайт (21 январ) бозӣ мекунад.
Иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар як марҳилаи омодагии дастаи олимпии кишвар ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба ҳисоб меравад. Дар мусобиқаи интихобӣ, ки 22-26 марти соли равон дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқа ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) ҳастанд.
Дар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайиланд доир мегардад, роҳхат мегиранд. Агар мизбони чемпионат – дастаи мунтахаби Тайиланд дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кунад, ё миёни 4 дастаи беҳтарин дар ҷои дуюми гурӯҳҳо бошад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки нишондиҳандаи хуб дорад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалӣ мегардад. Се дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ҷамъомади машқӣ-омӯзишии Душанбе чунин аст:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Фатҳулло Бобоев («Хатлон»);
Ҳимоятгарон: Шаҳром Сулаймонов («Истиқлол»), Алишер Холмуродов («Панҷшер»), Султоншо Мирзоев, Оятулло Сафаров, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳувайдои Гулмурод, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Барқчӣ»), Алишер Баротов, Наимҷон Иброҳимзода («Хатлон»);
Нимҳимоятгарон: Мунир Давлатбеков, Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»), Зиёвуддин Фузайлов, Абдулмумин Забиров, Саидмухтор Азимов, Далер Ёдгоров («Барқчӣ»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Худойдод Узоқов («Хатлон»);
Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Шаҳром Самиев («Сомон»), Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»).








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






