Футбол. «Ҷоми рушд-2019»: Тоҷикистон –Белгия 1:1

Январь 23, 2019 09:09

ДУШАНБЕ, 23.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019», ки дар Минск ҷараён дорад, бо дастаи наврасони Белгия қувва озмуда, натиҷаи мусовӣ 1:1-ро ба даст овард. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад.

Роҳбарияти дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон баъди бохт аз дастаи мунтахаби Беларус  бо натиҷаи 5:0 ба хулоса омада, дар ҳайати даста якчанд тағйирот ворид кард. Дар натиҷа ба футболбозони мо муяссар  шуд, ки дар муқобили дастаи мунтахаби Белгия аввалин шуда,  дар дақиқаи 13-ум тавассути голи задаи  Ислом Зоиров ба сафи пеш бароянд. То дақиқаи 56-уми вохӯрӣ ин натиҷа дар намолавҳаи варзишгоҳ боқӣ монад ва маҳз футболбози белгиягӣ  Михез онро иваз кард-1:1.

Бозиро дар муқобили Белгия наврасони мо даҳ нафара анҷом доданд. Дар аввали нимаи дуюм Амадонӣ Камолов корти дуюми зардро  гирифта, майдонро тарк кард. Акнун дар бозӣ бо дастаи мунтахаби  Финландия (24 январ)  ӯ иштирок карда наметавонад.
Тибқи  низомномаи мусобиқа, дастаҳое, ки дар се гурӯҳ ҷои аввалро ишғол менамоянд, инчунин беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷом мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои муайян кардани нуфузи худ бо ҳам қувва меозмоянд

Ширкат варзидан дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2019» барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) яке аз марҳилаҳои  омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мегардад.

Мусобиқаи байналмилалӣ «Ҷоми рушд-2019» байни наврасон (U-17) дар Минск

Даври 1-ум
Гурӯҳи «А»
Беларус – ТОҶИКИСТОН – 5:0
Голҳо: Шаҳром Назаров, 11 – худгол (1:0). Адамчик, 29 (2:0). Плют, 35 (3:0). Шестюк, 56 (4:0). Шестюк, 73 (5:0).
Белгия – Финландия – 1:0

Гурӯҳи «В»
Исроил – Молдова – 1:2
Исландия – Гурҷистон – 0:3

Гурӯҳи «С»
Словакия – Литва – 2:0
Булғория – Украина – 1:0

Даври 2-юм
Гурӯҳи «А»
Белгия – ТОҶИКИСТОН – 1:1
Голҳо: Ислом Зоиров, 13 (0:1). Михез, 51 (1:1).
Финландия – Белорус – 1:0

Гурӯҳи «В»
Исландия – Молдова – 1:0
Гурҷистон – Исроил – 0:2

Гурӯҳи «С»
Булғория – Литва – 1:1
Украина – Словакия – 0:2

Бозиҳои оянда:

Даври 3-юм
24 январ (панҷшанбе)

12:00*. Литва – Украина
14:05. Словакия – Булғория
16:10. Молдова – Гурҷистон
18:15. ТОҶИКИСТОН – Финландия
20:20. Белорус – Белгия
22:25. Исроил – Исландия

Бозиҳои плей-офф
26 январ (шанбе)

12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
14:05. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12
16:10. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
18:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8
20:20. Нимфинал
22:25. Нимфинал

Бозиҳои ҳалкунанда
28 январ (душанбе)

12:00. Бозӣ барои ҷои 11
14:10. Бозӣ барои ҷои 9
12:00. Бозӣ барои ҷои 7
14:10. Бозӣ барои ҷои 5
16:20. Бозӣ барои ҷои 3
18:40. Финал
20:30. Маросими пӯшидашавӣ

*Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.

Январь 23, 2019 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид