Хонандагони ҷамоати Лангари шоҳи ноҳияи Тоҷикобод сазовори Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ гардиданд
ТОҶИКОБОД, 24.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Тоҷикобод маросими ҷамъбасти мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор гардид. Ин мусобиқа бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода роҳандозӣ гардида, дар он хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуданд. Дар даври ниҳоии бозӣ хонандагони муассисаи таълимии рақами 17-и Ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ ғолиб омада, сазовори «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» гардиданд.
Мудири бахши ҷавонони ноҳия Муҳаммадҷон Шоев зимни натиҷагирии мусобиқаи футбол иброз дошт, ки «роҳандозӣ намудани чунин мусобиқаҳо дар байни ҷавонону наврасон баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи онҳо ба худшиносию ватандӯстӣ таъсири хуб мерасонад. Ҳамчунин мусобиқаҳои варзишӣ ба дӯстию ҳамбастагӣ дар байни сокинони маҳал боз ҳам таҳким мебахшанд».
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Тоҷикобод ва мақомоти иҷроияи ноҳия дар байни ҷавонону наврасон мунтазам мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил намуда, ғолибонро бо туҳфаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ менамоянд. Инчунин дар мавриди ба артиши миллӣ дохил шудани ҷавонон бо падару модарон вохӯриҳо доир намуда, аҳамияти ҳифзи Ватанро мефаҳмонанд.
Имрӯзҳо бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои сари вақт иҷро намудани нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо баргузор гардида истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки ноҳияи Тоҷикобод соли сеюм аст дар минтақаи Рашт аввалин шуда, нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд.








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






