ҲИФЗИ ЁДГОРИҲО – ҚАРЗИ МО ДАР НАЗДИ ТАЪРИХ. Дар партави Паёми Пешвои миллат

Январь 7, 2019 14:37

ДУШАНБЕ, 07.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Паёми навбатии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон  барномаи  кору амал ва зиндагии тамоми мардуми   Тоҷикистон номид. Зеро Пешвои миллат дар он муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишварро таҳлили амиқу дақиқ намуда, аз бурду бохти ҷумҳурӣ давоми як сол сухан ронданд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Сарвари давлат ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ин ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи онҳо ба ҷаҳониён мебошад. Роҷеъ ба ин масъала Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: «Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».

Воқеан ҳам таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати фарҳангии кишвар мебошад, зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ зимни сафар ба Тоҷикистон ба мероси таърихию фарҳангии  кишвари мо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки  истифодаи мероси таърихию фарҳангии кишвар дар рушди соҳаи сайёҳӣ нақши басо муҳим ва сазовор мегузорад. Имрӯз дар кишвари мо тибқи омори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 3000 ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ вуҷуд доранд, ки вазифаи асосии мо, аҳли фарҳанг ҳифзу нигоҳдорӣ, тармиму бозсозӣ ва таблиғу ташвиқи шоистаи онҳо ба аҳли ҷомеа мебошад. Зеро ин ёдгориҳо дар омӯзиши таърихи гузаштаи мо нақши муассир дошта, дар ҳар яки онҳо достони таърихие нуҳуфтааст.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ғамхориҳои Пешвои миллат ба ҳифзу нигоҳдошти ёдгориҳои таърию фарҳангӣ назаррас мебошад. Ҳамин кӯшишу талош ва ғамхориҳои Сарвари давлат буд, ки аз шумораи умумии ёдгориҳои зикргардида ёдгории бостонии «Саразм» ва «Боғи миллӣ» ба рӯйхати асосии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Нисбат ба ин масъала Пешвои миллат дар Паёми худ чунин ибрози андеша намуданд: «Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад»

Албатта, ин гуфтаҳо ва таъкидҳои Сарвари давлат моро водор месозанд, ки бобати муаррифӣ намудани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ дода, ин мавзеъҳои зебои кишварамонро ба макони дӯстдоштаи меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ табдил диҳем.

Мавриди ёддошти махсус мебошад, ки яке аз муҳимтарин объетҳои сайёҳӣ дар ҷомеаи навин осорхонаҳо ба шумор мераванд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки барои ҳамаи осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази илмӣ-методӣ ба ҳисоб меравад, дар ҷамъоварӣ, ҳифз, таблиғу ташвиқ ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик нақши басо муҳим ва калидӣ дорад. Дар толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллӣ ёдгориҳои манқул ва ё бозёфтҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ ба даст омадаанд, аз қадимтарин давраи таърихи инсоният дар сайёраи замин, яъне асри санг то замони муосир ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамчунин амсилаҳои ёдгориҳои таърихӣ, ба монанди «Қабри маликаи Саразм», бозёфтҳои «Хазинаи Амударё», «Тахти сангин», «Кофирқалъа», «Чилҳуҷра», «Қаҳқаҳа», «Уртақурғон», «Дайри буддоии Аҷинатеппа», «Ҳулбук», «Мақбараи Сомониён» ва «Мадрасаи Хоҷамашҳад», ки инҳо ба гурӯҳи маводи ёрирасон дохил мешаванд, ба шакли бадеӣ сохта шуда, инъикосгари ёдгориҳои аслӣ мебошанд. Ҳама ин ёдгориҳои таърихӣ, нигораҳои нодир ва осори гаронарзише, ки имрӯз дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд, тавассути мутахассисони соҳа (роҳбаладон) ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд. Мутахассисони ҷавони ин муассиса метавонанд дар баробари забони давлатӣ, инчунин бо забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ, арабӣ ва ҳиндӣ ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузаронанд, ки ин албатта, як василаи хуби муаррифии фарҳанги миллӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд. Вобаста ба ин давоми соли 2018 аз толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон 114 ҳазору 645 нафар тамошобинон дидан намуданд. Аз ин миқдор 4 ҳазору 453 нафарро меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз шаҳру кишварҳои Аморати муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир, Венгрия, Канада, давлати Кувайт, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон, Покистон, Италия, Португалия, Шоҳигарии Нидерландия, Белгия, Япония ташкил менамоянд.

Аз ҷумла, боздиди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн, Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҳиндустон Раҷиндер Кҳанна, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқӣ-Демократи Корея (Кореяи Шимолӣ) Ли Ён Ҳо, муовини Вазири корҳои хориҷии Уммон Муҳаммад-ал-Зарафӣ, муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ аз зумраи онҳо мебошанд. Умуман давоми соли 2018 намояндагони 52 кишвари мухталифи олам аз экспозитсияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намудаанд. Барои тамошобинони ватанию хориҷӣ аз ҷониби роҳбаладон ва кормандони Осорхонаи миллӣ 1677 экскурсия гузаронида шуданд.

Хулоса, осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳои худ метавонад ба ҳиссиёти тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузории осори атиқӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбият намояд.

Алишер ЗАРИФОВ,
  сардори шуъбаи илмӣ-методии
 Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Январь 7, 2019 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ