«Ҳимояи табиат маънои ҳимояи Ватанро дорад»-бардошт аз як ҳикояи нависанда М. Пришвин
ДУШАНБЕ, 10.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Нависандаи номдори рус Михаил Михаилович Пришвинро барҳақ вассофи табиат меноманд. Ӯ аз овони наврасӣ ба омӯзиши олами пурасрори набототу ҳайвонот камар баста, мушоҳидаҳояшро ҳангоми сайру саёҳат дар ҷангалзорону кӯҳу дашту даман солиёни зиёд дар дафтари хотироташ зикр намудааст. Баъдтар дар асоси ин хотирот як зумра асарҳои ҷолибу хонданӣ пайдо шуданд. Дар онҳо нависанда зебоиҳои табиати Ватанашро басо шоирона тасвир кардаасту хонандагон, алалхусус ҷавононро ба дӯст доштани табиат ҳидоят намудааст.
Дар зер мо яке аз ҳикояҳои ин нависандаро бо номи «Ватанам» (Аз хотироти давраи бачагӣ) дар тарҷумаи шореҳи адабии АМИТ «Ховар» Мансур СУРУШ манзури хонандагон мегардонем.
Модарам аз хоб ҳамеша барвақт, пеш аз тулӯи офтоб мехест. Боре ман ҳам пеш аз баромадани офтоб аз хоб хестам, то ин ки субҳидам барои бедонаҳо дом гузорам. Модарам маро бо чой ва шир зиёфат кард. Ширро ӯ дар кӯзачаи гилин мепухт, рӯи онро кафки сурхина мегирифт ва лаззати ширро меафзуд, чой ҳам аз он басо хуштамъ мешуд.
Ин зиёфат зиндагии маро ба таври мусбат тағйир дод: аз он баъд ман ҳамеша пеш аз дамидани субҳ мехестагӣ шудам, то ҳамроҳи модарам чойи хушмаззаро нӯши ҷон кунам. Бо мурури вақт ба саҳархезӣ чунон одат кардам, ки дигар наметавонистам худро аз нашъаи тулӯи офтоб маҳрум созам.
Баъдан дар шаҳр низ ман аз рахти хоб бармаҳал мехестам ва ба навиштан шурӯъ менамудам, дар лаҳзаҳое, ки олами набототу ҳайвонот бедор мешаваду ба таври худ корро сар мекунад.
Ман гоҳо фикр мекунад: чӣ хуш мебуд агар мо баҳри кори худ баробари хуршед мехестем. Он гоҳ саломатӣ, шодмонӣ, зиндагӣ ва саодати одамон чӣ қадар меафзуд!
Баъди наҳорӣ ман ба шикор мебаромадам: барои бедонаҳо, сочҳо, булбулон, малахакон, мусичаҳо, шабпаракон. Он замон ман милтиқ надоштам, ҳоло низ дар шикори ман милтиқ зарурат надорад.
Шикори ман он замону ҳоло низ фақат дар кашфиёт аст. Мебоист ки дар табиат чизеро пайдо намоям, ки то ҳол надида будам ва шояд касе дар ҳаёташ бо он рӯ ба рӯ нашудааст…
Хоҷагии ман азим буд, пайроҳаҳои бешумор.
Дӯстони ҷавони ман! Мо соҳиби табиати хуб ҳастем ва он барои мо хазинаи хуршедист бо сарватҳои бузурги зиндагонӣ. Ҳифз кардани ин сарватҳо кам аст – онҳоро кашф ва муаррифӣ намудан лозим аст.
Барои моҳӣ оби тоза лозим аст – пас обанборҳои худро ҳифз менамоем.
Дар ҷангалзорон, даштҳо, кӯҳсорон ҳайвоноти пурқимати гуногун ҳастанд – пас ҷангалзорон, даштҳо ва кӯҳсорони худро ҳифз менамоем.
Ба моҳӣ – об, ба парранда – осмон, ба ҳайвонот – ҷангалзору дашту кӯҳсорон бояд бошанд.
Ба инсон бошад Ватан лозим аст. Бинобар ин, ҳимояи табиат маънои ҳимояи Ватанро дорад.









Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






