ИМРӮЗ ДАР ПОЯИ МУҶАССАМАИ «ГАҲВОРА» ГУЛЧАНБАРҲО ГУЗОШТА ШУДАНД. Ин санги ёдгор аз қурбониёни зилзилаи Шарора, рамзи идомаи ҳаёт ва аллаи модарон аст

Январь 23, 2019 15:42

ДУШАНБЕ, 23.01.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз зилзилаи Шарора 30 сол сипарӣ шуд. Дар робита ба он 23 январ  дар шаҳраки Шарораи Ҳисор  маросими ёдбуди қурбониёни  зилзилаи Шарора баргузор гардид. Нахуст иштирокдорони маросими гиромидошти қурбониёни зилзилаи Шарора дар пояи муҷассамаи «Гаҳвора» ҳамчун поси хотири ҳалокшудагон  гулдастаю гулчанбарҳо гузоштанд.

Сипас дар маросими поси хотири қурбониёни зилзилаи  Шарора муовини аввали раиси шаҳри Ҳисор Аҳмадҷон Исматуллозода, собиқ раиси ноҳияи Ҳисор  Ҷамолиддин Мансуров, инчунин сокинони шаҳраки Шарора доир ба он ҳодисаи мудҳиш сухан карданд. Зикр шуд, ки расо 30 сол муқаддам, соати 5:02-и субҳи 23 январи соли 1989 дар шаҳраки Шарора ва деҳаҳои Оқулии боло (ҳоло Сарчашма) ва Оқулии поён (Сайёд) –и шаҳри Ҳисор зилзилаи харобиовар ба амал омад. Дар натиҷаи ин ҳодисаи мудҳиш шаҳраки Шарора ва деҳаҳои Оқулии Боло ва Оқулии Поён зери хоку лой монда, имрӯз мазореро мемонанд. Дар ин ҳодисаи табиӣ наздик ба 300 нафар сокинони ин маҳаллаҳо ҳалок гардида буданд.

Шарора нишонаест аз зилзилаи мудҳиши субҳи 23 январи соли 1989

Ягона нишонае, ки аз ҳодисаи мудҳиши зилзилаи Шарора боқӣ мондааст, тифли 6-рӯзае буд, ки ӯро дар дохили гаҳвора аз зери хоку лой пайдо намуда буданд. Ба ин тифл,  ки номи асосиаш Парвина буд, баъдан ҳамчун нишона аз ин ҳодисаи мудҳиши табиӣ  пайвандон ва ҳамдеҳагон Шарора ном гузоштанд.

Дар арафаи  30 –солагии зодрӯзи  Шарора, ки 17 январ ҷашн гирифт,   дар радифи дигар пайвандону дӯстонаш хабарнигори АМИТ «Ховар» низ ба табрики Шарора ба манзили зисташ, ки дар қабати ҳаштуми  яке аз биноҳои баландошёнаи истиқоматии   маҳаллаи Зарафшони пойтахт воқеъ аст, рафта, бо истифода аз фурсат бо Шарора суҳбат анҷом дод.

Шарора алҳол модари се духтарчаи дустрӯ — Оиша, Роҳила ва Омина буда, дар хона ба тарбияи фарзандон машғул аст.

Духтарони Шарора –Оиша дар синфи дуюм, Роҳила дар синфи якум ва Омина дар хона дар  тарбияи модар қарор доранд. «Аз он ҳодисаи мудҳиш –заминларзаи Шарора ман чизе дар ёд надорам, танҳо аз куҳансолони деҳа ва воситаҳои ахбори омма воқиф гардидаам. Хешону пайвандонам атрофи ин ҳодисаи фоҷеабор бо ман кам сухан мекунанд»,- мегӯяд Шарора.

Шарора донандаи хуби забони немисӣ аст

Шарора дар хонаи амакаш ба камол расидаю тарбия ёфта, ба ҳаёти мустақилона қадам монд. Баъди хатми мактаби миёна дар Донишкадаи забонҳо ба номи Сотим Улуғзода таҳсилро идома дода, ин даргоҳи маърифатро бо ихтисоси омӯзгори забони немисӣ хатм намуд. Шарора донандаи хуби ин забон буда, бо дастгирии падархонди австриягиаш, собиқ шаҳрдори шаҳри Клагенфурти Австрия Леополд Гугенбергер, ки Шарораро ба фарзандхондӣ қабул намуда буд, солҳои 1996 ва 2006 ба як қатор давлатҳои Аврупо, назири  Австрия, Италия,  Германия, Франсия ва Тунис сафар кард.  Ҳукумати шаҳри Душанбе ба Шарора дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт хона тақдим намуд.

Мехоҳам бо фарзандони падархондам  робита дошта бошам

Алҳол бо падархонди австриягиатон иртибот доред? Дар посух ба ин савол Шарора гуфт, ки то вафоташ, ки ду сол пеш аз олам гузашт,  робита  доштам. Мехоҳам дар оянда бо фарзандонашон иртибот барқарор намоям. Вақте аз Шарора пурсон шудем, ки аз заминларза ҳарос дорад ва зимни он худро чӣ гуна эҳсос мекунад, гуфт: «Ҳангоми заминларза вуҷудамро тарс фаро мегирад, худамро нороҳат ҳис мекунам ва маро хотироти мағшуш фаро мегиранд».

Таманнои Шарора

Шарора бо чашмони обиаш ба атроф нигариста, аз зиндагӣ, фарзандону пайвандон ва сарнавишташ шукргузорӣ менамояд. Ӯ мегӯяд: «Мо бояд шукри Яздони пок, осмони соф ва оромию осоиштагии сарзаминамон,  Сарвари давлатамон ва рушду пешрафти ҳаррӯзаи  Тоҷикистонро намоем».  Шарора ки алҳол рисолати модариашро иҷро дорад, мегӯяд: «Орзу дорам, то  фарзандонамро ба камол расонида, ба онҳо тарбияи дуруст диҳам,  соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунар гардонам. Таманнои ман ба мардуми тоҷик ва сайёра  саломатӣ, осмони соф, оромию осоиштагӣ, саодати рӯзгор ва пешрафту шукуфоӣ аст. Ҳамеша дуо мекунам, ки  Холиқи бузург дигар ҳодисаҳои мудҳиши табиӣ, хусусан зилзиларо ба сари одамон наорад».

Бар асари зилзила теппа такон хӯрд ва ярч фаромад…

Фаршед Каримов, мудири озмоишгоҳи тадқиқоти геофизикӣ ва сейсмологӣ дар назди Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ  дар рӯзи 30-солагии зилзилаи Шарора дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки сабаби ба вуҷуд омадани чунин ҳодисаи табиӣ- ин нам кашидани қабати гилхок, яъне ҷамъ шудани об дар зери теппае, ки атрофи ин маҳалро иҳота мекард, буд. Дар натиҷаи заминларза, ки қуввааш  дар марказ 7-8 баллро ташкил дода буд, теппа такон хӯрда, хоку лой шаҳрак ва ду деҳаро пӯшонд. Фаршед Каримов афзуд, ки соли 1963 дар ин ҷо канал сохта шуда буд ва он муддати 25 сол фаъолият мекард. Маҳз бемасъулиятии баъзе роҳбарони он давра  сабаби ба вуқӯъ омадани чунин ҳодисаи нохуши табиӣ гардид.

Тоҷикистон дар асри ХХ шоҳиди чандин зилзилаи мудҳиш буд

 Тибқи иттилои Фаршед Каримов, дар тӯли қарни ХХ дар қаламрави  Тоҷикистон чандин зилзилаҳои мудҳиш ба вуқӯъ омадаанд, ки сабаби харобиҳои зиёд ва ҳалокати одамон гардиданд. Зилзилаи Қаратоғ (1907), Сарез (1911), Ҳоит (1949), Ғарм (1941), Файзобод (солҳои 1930-1943), Ҷиргатол (1984), Қайроққум (1985) ва Шарора (1989) аз ҳамин қабил мебошанд.

 Зилзилаи  Шарора 4,5 ҳазор оиларо  бесарпаноҳ гардонида буд

Заминларзаи Шарора ба 1952 хоҷагии шаҳри Ҳисор зарари калон расонида, 4, 5 ҳазор оиларо бесарпаноҳ кард, 4512 манзил, 53 мактаб, 24 муассисаи тиббӣ, 2 боғча, 8 мағоза ва як ошхона, 45 километр хати барқ, 50 километр хати радиотелефон, 7 километр хати шабакаи обрасонӣ, 15 километр роҳ, 14 километр шабакаҳои обёркунӣ, 9 клуб ва як китобхона, 5 бинои маъмурӣ ва як ферма хисороти ҷиддӣ диданд.  Дар маҷмӯъ, аз ин зилзилаи мудҳиш беш аз 15 ҳазор одамон бе манзил гардиданд. Аз лаҳзаҳои нахустини ба вуқӯъ  омадани  ин фоҷеа таҳти роҳбарии  собиқ Раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии  Тоҷикистон марҳум Изатулло Ҳаёев ситоди фаврии бартараф намудани оқибатҳои фалокатбори  зилзилаи  Шарора ташкил гардида, собиқ котиби якуми  Кумитаи Марказии  Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз маҳалли зилзила  боздид  намуда буд. Маҳз бо кумакҳои ҳукумати вақт, ҷомеа ва собиқ кишварҳои пасошӯравӣ  оқибатҳои фалокатбори зилзила  бартараф карда шуданд. Ҳатто аз Арманистон, ки дар онҷо оқибатҳои зилзилаи даҳшатбори моҳи декабри соли 1988 ҳанӯз  бартараф  нагардида буд, гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба инҷо омад.

Маҳали зилзилаи Шарора оромгоҳи бузургеро мемонад

2 апрели соли 1993 маҳаллаи Шарора бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрак табдил дода шуд ва  алҳол яке аз шаҳракҳои пешрафта дар Ҳисор мебошад. Солҳои охир дар партави корҳои ободонию созандагӣ атрофи мавзее, ки дар он зилзила ба вуқӯъ омада, оромгоҳи бузургро побарҷо гузоштааст, аз ҷониби мақомоти шаҳри Ҳисор дар раванди корҳои ободонӣ панҷарапӯш ва беш аз 300 адад дарахти гуногун шинонида шудаанд.

Дар инҷо муҷассамаи ёдгории «Гаҳвора» бунёд гардидааст, ки  рамзи гиромидошти хотираи қурбониёни зилзилаи Шарора ва идомаи ҳаёту аллаи модарон аст.

                                          Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»  

Январь 23, 2019 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид
Дар ноҳияи Ашт мониторинги эпидемиологӣ гузаронида шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ