ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАРОН. Аксарияти муштариён талабгори ҷавоҳироти бо дастони сеҳрофар сохтаи Бибиҷон Бӯриеваанд

Январь 31, 2019 15:16

ДУШАНБЕ, 31.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  «Апаҷон, ба ман зиреҳе диҳед, ки дандонаҳояш хурду хушсохт бошад», «Апаҷон, ана ин дастаи гӯшворамро, ки шикастааст, пайванд кунед», «Тавсия диҳед, ки ба арӯсшавандаам кадом намуди зару зевари қадимаи нуқрагин ҳадя намоям»…бо чунин садоҳо моро давраи калони бонувон ва якчанд ҷавононе ҷалб намуд, ки маҳсули ҳунари бонуи заргар Бибиҷон Бӯриева, сокини ноҳияи Файзободро бо шавқи зиёд тамошо мекарданд.

Духтаракон зиреҳу гӯшвора, ангуштарину дастпона, сарсӯзанию пешсӯзанӣ, қулфи гиребону муҳраю марҷонҳои аз тиллою нуқра ва дигар маснуот тайёршударо ба гӯшу гардану пеши бари якдигарӣ овехта, завқ мебурданд, аксгирию харидорӣ мекарданд. Дар ҳақиқат маҳсули ҳунари ин бонуи ҳунар зебою зебанда мебошад. Зеро аксарияти муштариён ҷавоҳироти бо дастони сеҳрофарин сохтаи худи ӯро талаб мекарданд.

Бону Бибиҷон ба ҳар як дархосту фармоиши мизоҷонаш зару зевари табъи дилашонро бо чеҳраи кушоду пуртабассум пешниҳод менамуд. Чун навбати мо расид, баъди тамошои навъҳои маснуоти заргарӣ аз  фаъолияти имрӯзаи ин бонуи ҳунар пурсон шудем.

Тавре аз суҳбат маълум гардид, ин зани ҳунарманди хушзавқу хушсалиқа дар баробари ҳунари заргарӣ, инчунин дар ҳунарҳои гулдӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, чолбандбофӣ, кулчаи калону нони тунукбандӣ чирадаст будааст. Ӯ баъди оиладор шудан ба ҳунари заргарии бародарони ҳамсараш Давлиёр, Юсуф, Бахтиёр, Сафо, Худоёр зеҳн монда ҳавас пайдо мекунад.

Аз байни бародарон Юсуф, ки зиёда аз панҷ сол дар корхонаи «Тоҷиккристалл»-и шаҳри Душанбе нозукиҳои ин касбро омӯхта буд, барои ҳамаи аҳли хонадон ҳаққи устодӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки агар ин ҳунарро занон бештар омӯзанд, беҳтар аст. Зеро аксари  корафтодагони дӯконҳои заргарӣ занҳо мебошанд. Бонуи заргар хубтар мефаҳмад, ки кадом маҳсулоти заргарӣ ба онҳо маъқул мешавад. Духтараш Мадинаҷон низ ин касбро омӯхта, заргари нозукхаёлу чирадасте гардидааст. Ҳамсараш Авлиёр низ дар ин кор ба онҳо кумак мекунад. Писараш Муҳаммадҷон дар баробари заргарӣ мехоҳад кандакориро низ аз худ кунад.

Офаридаҳои ин бонуи ҳунар аз нақшҳои заргарии бостонии ниёгон ва ороишоти замонавӣ омода гаштаанд. Иҷрои кори қисми зиёди ин маҳсулот сирф дастӣ буда, қисми дигар бо истифода аз технологияи муосир такмил ёфтаанд. Зимни омода намудани маснуоти заргарӣ сангҳои зебои ороишии ватанӣ низ истифода шудаанд. Ин аст, ки аз дидани ин зебоӣ ҳар бинанда як ҷаҳон таассуроти фораму хотирмон мебардорад.

Ин бонуи заргар аз эълон гардидани солҳои 2019-2021 чун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бисёр хушҳол гардида, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамояд. «Ин дастгирию ғамхории роҳбарияти олии кишвар мо-ҳунарманонро хеле рӯҳбаланд намуд. Ман соли 2018 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дӯкони алоҳидаи заргарӣ кушодам. Дар дӯкони заргарӣ чанд тан дилбастагони ин ҳунари олӣ ва аҷдодии тоҷиконро гирди ҳам оварда, дар ҳифзи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ саҳми худро гузошта истодаем», -гуфт номбурда.

Ба андешаи ин бону, ки ӯро дар ин ноҳия ҳамчун як заргари моҳир мешиносанду қадр мекунанд, вазифаи ҳар як сокини ватандӯсти мамлакат-ин ҳифз намудани ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ мебошад.

Ба нақли ҳамсуҳбати мо, ин оилаи ҳунармандон ҳамасола дар ҷашну идҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангӣ иштирок намуда, бо офаридаҳои худ борҳо нишон додаанд, ки ҳунари заргарӣ аз қадим моли мардуми тоҷик аст. Масалан, дар барномаҳои фарҳангии ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Фестивали ҷумҳуриявии «Бозори ҳунар», ки соли 2018 бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар «Боғи Ирам»-и пойтахт барпо гардид, иштироки фаъол намуда, соҳиби сертификат ва мукофот гардидаанд.

Оё ҳунари заргарӣ бозор дорад? Дар робита ба ин савол ин бону зикр кард, ки солҳои охир талаботи мардуми тоҷик ба хариди намунаҳои ҷавоҳироти қадимӣ ва миллӣ хеле афзудааст. Албатта, миёни мардум ҳастанд нафароне, ки ҷавоҳироти сохти аврупоиро меписанданд, вале шумораи зиёди онҳо харидори ороишоти намунаҳои қадимӣ мебошанд.

«Аксари муштариҳо нуқраашонро худашон меоранду мо мувофиқи нақши интихобкардаашон сохта медиҳем. Дар баъзе маврид онҳо чанд гӯшвору ангуштарии нокора меоранду мегӯянд, ки ба ман  гӯшворҳояшро таъмир карда диҳеду ангуштариҳоро ба ивази музди меҳнататон гиред. Мо аз ин нуқраҳои ҷамъшуда ба нафарони дигар зевару ороишоти миллӣ сохта медиҳем»,-иброз намуд ин бонуи заргар.

Бибиҷон Бӯриева эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро иқдоми навбатии Роҳбари давлат дар самти  дастгирии ҳунармандон арзёбӣ намуд. «Дар ин солҳо мо, ҳунармандон масъулияти бештар дорем. Бояд кӯшиш намоем, ки ҷавоҳироти сохтаи  худро мувофиқ ба талоботи ҷаҳонӣ пешкаши ҷаҳониён гардонем, то маҳсулоти мо муаррифи миллати куҳан ва соҳиби тамаддуну санъати қадимӣ будани тоҷиконро инъикос намояд»,-хулоса намуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 31 январ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии заргарон таҷлил мешавад. Барои таҷлили ин рӯз бори аввал соли 2002 дар фестивали «Золотое кольцо России» дар шаҳри Костромаи Федератсияи Россия тасмим гирифта шуд. Соли 2008 дар шаҳри Тошканд зимни баргузории фестивали заргарони ҷавон 31 январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии заргарон тасдиқ шуд.

Заргарони моҳири тоҷик дар тӯли таърих бо навъҳои маснуоти заргарӣ, аз ҷумла дастпона, қулфи гиребон, гӯшвора, холчӯб, чолбанд, зира, нуқрапӯшак, ки хеле моҳирона сохта мешуданд, машҳур гаштаанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ин намуди ҳунармандӣ зиёд гардида, дар мамлакат чандин корхонаҳои заргарӣ бунёд карда шуданд.

Дар назар аст, ки моҳи феврали соли равон дар ҷумҳурӣ Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз…» баргузор гардад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2019 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
Дар Душанбе рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди «сабз» баррасӣ шуд
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соҳиби сертификати байналмилалӣ гардиданд
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия мулоқот намуд
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар Малайзия вобаста ба омоданамоии кадрҳои баландихтисос вохӯрӣ намуданд
Дар Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии кишоварзӣ вохӯрӣ доир шуд