ИНРО БОЯД ҲАМА ДОНАНД! Дар Коллеҷи тиббии Кӯлоб ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид

Январь 12, 2019 10:08

КӮЛОБ, 12.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири омода будани сокинон ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба осебдидагон дар муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Инро ҳама бояд донанд!»  оид ба  усулҳои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба худ ва дигарон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, садама ва фалокатҳо, истифодаи восита ва маводи мавҷуда ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабанигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛОВ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиш сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи  Кӯлоб подполковник Абубакри Сайид, номзади илмҳои тиб Шарифҷон Охунов, номзади илмҳои тиб Фаридун Сафаров ва омӯзгорони муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки тағйирёбии иқлим ба зиёд гардидани офатҳои табиӣ сабаб гардидааст ва аз ин ҳисоб сокинони кураи замин азият мекашанд. Дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ одамон ба ҳалокат мерасанд ва ба қисми дигар осебҳои гуногуни ҷисмонӣ мерасанд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши илмию назариявӣ аз се бахш- маърӯзаҳо, машғулияти амалӣ ва викторина иборат буд. Дар бахши аввал донишҷӯён Мавзуна Файзова оид ба мавзӯи «Мавқеъ ва вазифаҳои мудофиаи шаҳрвандӣ»,  Маърифат Абдулқосимзода  дар мавзӯи «Асосҳои ташкили чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ, заминларза, муҳофизати аҳолӣ», Сарвиноз Содиқзода дар мавзӯи «Ба худ ва ҳамдигар расонидани ёрии аввалини тиббии ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, садама, фалокатҳо зимни амалиёти ҷангӣ» маърӯза карданд.

Дар охири ҳамоиш ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ карда шуданд.

Январь 12, 2019 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд