Корхонаҳои саноатии Ёвон соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 1 млрд. 345 миллион сомонӣ расониданд
ЁВОН, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии и ноҳияи Ёвон соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 1 млрд. 345 миллион сомонӣ расониданд. Ин нисбат ба соли 2017 23.4 млн. сомонӣ зиёд буда, 101,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» мудири бахши саноат ва сохтмони ноҳия Қиматулло Раҳмонов иттилоъ дод.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва фароҳам гардидани фазои орому субот дар ҷумҳурӣ аз моҳи декабри соли 2015 Ёвон ба ноҳияи содиркунандаи маҳсулоти саноатӣ табдил ёфт. Соли 2018 аз корхонаҳои истеҳсоли сементи ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” ба миқдори 460 ҳазору 39,5 тонна семент, ҶДММ “Чжунгтсай моҳир семент” ба миқдори 502 ҳазору 400 тонна семент, аз корхонаи истеҳсоли гачкартони ҶДММ “Хуачиан Ғаюр индастриал” ба миқдори 385 ҳазор дона гачкартон, аз корхонаи истеҳсоли намаки ошии ҶДММ “Намаки Ёвон” 35 тонна намак, аз фабрикаи истеҳсоли маҳсулоти дўзандагии ҶДММ “Ваҳдат” 3 млн. 928,4 ҳазор ҷуфт ҷӯроб, 104,6 тонна риштаи рангкардашуда, 1251,1 тонна риштаҳои пахтагин ва аз корхонаи ҶДММ “Талко Кемикал” 2068,4 тонна алюминийи фтордор ва 60 тонна криолит, ки дар маҷмӯъ 471 млн. 671 ҳазору 813 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2017 190 млн. 973,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошанд, ба хориҷи мамлакат содирот гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, соли 2018 аз 43 корхонаи саноатии ноҳия 41 корхона фаъолият дошта, 2 корхона бо сабабҳои гуногун фаъолият накарданд. Дар баробари ин, соли 2018 9 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 136 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ноҳияи Ёвон аз нигоҳи муҳит ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ барои ташкили корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ мувофиқ буда, мавриди интихоби соҳибкорон қарор мегирад. Ин аст, ки дар ин давра Нозироти андози ноҳия 760 соҳибкорро ба тариқи патент, 116 соҳибкорро бо шаҳодатнома ва 4 хоҷагии деҳқониро аз нав ба қайд гирифт.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ёвон барои солҳои 2016-2020 243 лоиҳаро ба маблағи 695,1 млн. сомонӣ дар бар мегирад. То ҳолати 1 январи соли 2019 214 лоиҳа ба маблағи 2 млрд. 59,9 млн. сомонӣ ба иҷро расидаанд. Ҳамчунин дар ин давра 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда 53,7 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад.








Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид
Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Бонки рушди Авруосиё санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«РАҚАМИКУНОНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ». Дар форуми байналмилалӣ 12 санади ҳамкорӣ имзо шуд
Дар Тоҷикистон нахустин коргоҳи истеҳсоли ранги хокавӣ барои хатҳои уфуқии роҳҳои мошингард ба истифода дода шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба 10,2 миллион доллар расид
Тоҷикистон 85 фоизи аҳолиро бо маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъмин мекунад
Аъзои ҳайати Фландрияи Подшоҳии Белгия бо фаъолияти «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд
Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ ҳамкориро дар самти рушди сармояи инсонӣ ва рақамикунонӣ густариш медиҳанд






