Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳаёти боз як нафарро наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2019./АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшони ин кумита шоми 28 январ як ҷавонзани 27-соларо, ки мехост худро аз болои пули кӯҳна дар дарёи Сир партофта, худкушӣ кунад, наҷот додаанд.
«Ин хонум дар як муддати кӯтоҳ дар гирдоби мавҷи азиму хурӯшони дарё монд. Маъмулан дар ин қитъа дарё басо пурталотум ҷорӣ мешавад. Наҷотдиҳандагон занро ба мушкилӣ аз марг наҷот доданд, вақте аз об берун оварданд, вай дар ҳоли изтиробу ҳарос буд», – гуфта мешавад дар иттилоияи кумита.
Феълан ин зани сокини шаҳри Бӯстон дар бемористон қарор дошта, мақомот сабаби қасди худкушии ӯро таҳқиқ мекунанд.








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






