МО – ЗИДДИ ДОПИНГ! Дар Душанбе барои мураббиёни варзиш машварати омӯзишӣ оғоз гардид

Январь 8, 2019 09:09

ДУШАНБЕ, 08.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи «Тибби варзишӣ ва муҳофизати варзишгарон»  7 январ   дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     машварати омӯзишӣ оғоз гардид.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.

Зикр шуд,   ки ба машварат мураббиёни федератсияҳо ва мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ҷалб гардидаанд. Бо сабаби он ки мураббиён варзишгаронро назорат намуда, ба онҳо машварат медиҳанд, огоҳ будани онҳо аз қоидаҳои мубориза бо допинг ба манфиат хоҳад буд.

Ба иштирокчиён мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои «Допинг чист?», «Санадҳои асосии танзимкунандаи фаъолиятҳои зидди допинг», «Таъсис ва вазифаҳои Агентии ҷаҳонии зидди допинг», «Чораҳои байналмилалии мубориза бо допинг дар варзиш», «Чораҳои мубориза бар зидди допинг дар сатҳи ҳукуматҳо», «Шиносоӣ бо рӯйхати доруҳои мамнуъ дар варзиш», «Тартиби гузаронидани ташхиси допинг», «Натиҷаҳои истифодаи допинг ва таъсири он ба мартаба ва ҳаёти шахсии варзишгар» ва ғайра давоми се рӯз маърӯза мехонанд.

Дар рӯзи аввал котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раиси Ташкилоти миллии зидди допинги Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода ва директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов маърӯза карданд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо допинг дар варзиш тамоми тадбирҳоро меандешад. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе Маркази тавонбахшии варзишгарон амал мекунад, ки мақоми ҷумҳуриявӣ дорад ва бо дастури Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муҳлати наздик аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дастгоҳҳои техникии муосир муҷаҳҳаз хоҳад гашт.

Ёдовар мешавем, ки   Агентии ҷаҳонии зидди допинг соли 1999 таъсис ёфтааст. Он дар тамоми ҷаҳон бар зидди истифодаи допинг аз ҷониби варзишгарон мубориза мебарад ва варзиши одилонаро таблиғ менамояд. Агентии ҷаҳонии зидди допинг ҳоло 5 озмоишгоҳи  қитъавӣ дорад ва ҳар сол то 3500 нафар варзишгарро аз ташхис мегузаронад.

Бо нигаронӣ изҳор гардид, ки соли 2018 4 варзишгари мо (2 нафар аз намуди вазнбардорӣ, якнафарӣ аз намудҳои дзюдо ва самбо) барои истифодаи доруҳои мамнуъ аз ҷониби Агентии ҷаҳонии зидди допинг маҳкум ва аз 2 то 4 сол аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум гардиданд. Барои мубориза бо ин амали нанговар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш тамоми тадбирҳоро меандешанд.

Бояд гуфт, ки чанде пеш дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон таҳти унвони «Мо-зидди допинг!» бо иштироки донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ машварат доир гардида буд ва чунин  машғулиятҳо пайваста баргузор мешаванд.

Январь 8, 2019 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд