Мунира Шаҳидӣ: «Таваҷҷуҳи Аврупо ба Тоҷикистон баъд аз суханронии Пешвои миллат дар парлумони Аврупо бештар шудааст»

Январь 22, 2019 09:58

ДУШАНБЕ, 22.01.2019./АМИТ «Ховар»/.  Аз 21 то 25 январ дар шаҳри Брюссели Белгия дар доираи татбиқи лоиҳаи «КОМПАС» ҳамоиши донишмандону муҳаққиқони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Белорус ва донишгоҳҳои Кембриҷ ва КЕНТ-и Британияи Кабир баргузор мегарданд. Онҳо дар он ҷо байни ҳам муколама карда, сипас дар парлумони Аврупо суханронӣ хоҳанд  намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Лоиҳаи «КОМПАС» (Бунёди маърифатнокии ҳамсоягони наздик) бунёди хайриявиест, ки аз ҷониби ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад. Ин лоиҳа аз тарафи Донишгоҳи КЕНТ-и Британияи Кабир таҳия гардида, ҳадафи он роҳандозии ҳамкории илмӣ барои омӯзиши мушкилҳои замони ҷаҳонишавӣ ва пайдо кардани роҳи ҳалли он аз назари илмӣ  арзёбӣ карда мешавад.

Дар байни намояндагони Тоҷикистон олими тоҷик Мунира Шаҳидӣ низ ҳаст, ки роҳбари миллии ин лоиҳа таъйин гардидааст.  Ӯ зимни баромади худ дар парлумони Аврупо «аз холигӣ дар системаи илмии Осиёи Марказӣ ва Аврупо» хоҳад гуфт: «Олимони аврупоӣ мехоҳанд бо онҳо аз наздик суҳбат кунем, ҳамкории зич ба роҳ монем ва равобити байнифарҳангиро вусъат бахшем, барояшон воқеиятро муаррифӣ намоем», — иброз дошт Мунира Шаҳидӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» қабл аз сафараш ба Аврупо.

Ба андешаи муҳаққиқ, олимони Аврупо  аз таҳқиқотҳои солҳои охир анҷомдодаи пажуҳишгарони тоҷик бехабаранд. Аз ин рӯ, ҷомеаи илмии Аврупо ташнаи шинохти дурусти Тоҷикистон мебошад.

Мунира Шаҳидӣ

Ба гуфтаи Мунира Шаҳидӣ, дар замони шӯрвавӣ   олимони тоҷик бо донишмандони Ғарб ҳамкории зич доштанд. Махсусан, ҳамкории адибон ва шарқшиносони кишвар бо олимоне чун Иржи Бечка, Юлиус Фучик, Манфред Лорентс ва дигарон хуб ба роҳ монда шуда буд. Аммо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, робитаҳои олимону адибон то ҷое канда гардид. Ба андешаи Мунира Шаҳидӣ, тадқиқотҳои илмие, ки нимаи дуюми асри ХХ дар Тоҷикистон ва дар умум, дар давлатҳои пасошӯравӣ гузаронида шудааст, дар мактабҳои илмии Аврупои ғарбӣ омӯхта ё дуруст шинохта нашудааст. Аз ин сабаб, имрӯз дар заминаи шинохти минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷониби олимони Аврупо холигие ба миён омадааст.

«Таваҷҷуҳи кишварҳои Аврупо ба Тоҷикистон пас аз  сафарҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишварҳо ва суханронии Пешваои миллат дар парлумони Аврупо торафт бештар мешавад, —   мегӯяд Мунира Шаҳидӣ  — Ҳадафи ниҳоии мо дар Аврупо  муаррифии зарфиятҳои илмиву фарҳангии мардуми худ ба доираҳои илмии  он қора аст. Мехоҳем ба ҷомеаи илмии Аврупоро ба шакли муосир бо давлату миллат ва илму фарҳанги  худро шинос намоем».

Мавриди зикр аст, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо, ки моҳи  моҳи июни соли 2011 бо даъвати Дабири кулли Шӯрои Аврупо сурат гирифта буд,  китоби Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаррифӣ гардид. Сарвари давлат  ҳамчунин дар шаҳри Страсбурги Франсия дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ба суолҳои сершумори вакилон посух гуфта буданд.

Вакилони Парлумони Аврупо, аз ҷумла ба масоили дастрасии васеи аҳолии Тоҷикистон ба мактабу маориф, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини шаффофият дар кори сохторҳои идораи давлатӣ, истифодаи захираҳои обу энергетика, мушкилу монеаҳои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷўҳ зоҳир намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» дар бораи ин сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навишта буд, таваҷҷуҳи Парлумони Аврупо ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ба хусус бо назардошти мавқеи калидии геополитикии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва имккону захираҳои фаровонаш барои таъмини рушду тараққиёти  минтақа торафт меафзояд.

Мавриди зикр аст, ки суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Кумитаи равобити байналмилалӣ ва ҳайати вакилони Парлумони Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва посухҳои ӯ ба суолҳои вакилон ба 26 забони аврупоӣ тарҷума ва пахш гардидааст.

Январь 22, 2019 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд