Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Узбекистон мулоқот намуданд

Ноябрь 1, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи ҳамоиши 43-уми  ЮНЕСКО дар шаҳри Самарқанд, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ оид ба масоили муҳими муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо, ба хусус дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва густариши равобити гуманитарӣ табодули афкор намуданд.

Вазирон бо тамаркуз ба сатҳи вусъатёбандаи ҳамкории фарогир байни Тоҷикистон ва Узбекистон, азми устувори худро ҷиҳати равонасозии саъю кӯшишҳо барои тақвияти муносибатҳои дӯстиву бародарии мардумони ду мамлакат ҳамсоя изҳор доштанд.

 АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 1, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд