ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст
ДУШАНБЕ, 02.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7 ва рӯзона -2-3 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат шабона 13-18 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баъзе ноҳияҳо барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ боридани борон ва барф пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз -2-7 то -4+1 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда мешавад. Рӯзона боридани борон дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе рӯзона боридани борон дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






