ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 13-18 то 22-24 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 33-38 ва рӯзона 17-22 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар ноҳияи Булункӯли вилоят ҳаво аз 48 то 50 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва баъзан то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 26 то 27 январ вобаста ба соф шудани ҳаво дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ шиддатноктар шудани сардии ҳаво дар назар аст. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо дар робита ба чунин вазъи ҳаво дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






