Ғолибони мусобиқаи Тел-Авиви Исроил -2019 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 28.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тел-Авиви Исроил аввалин мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдои имсола баргузор гардид, ки бо пирӯзии мизбонон ба поён расид.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев хабар дод.
Зикр шуд, ки дар Гран-прии Тел-Авив 373 нафар гӯштингирон (214 мард ва 159 зан) аз 53 кишвари дунё ширкат доштанд. Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Исроил бо касби чор медали тилло, ду нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Италия бо касби ду медали тилло, се нуқра ва як биринҷӣ ҷойгоҳи дуюм ва дастаи мунтахаби Франсия бо касби ду медали тилло ва як биринҷӣ ҷойгоҳи сеюмро ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тел-Авив Тоҷикистонро се варзишгар — Беҳрӯзи Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов ва Акмал Муродов дар сабқати мардон намояндагӣ карданд. Беҳрӯз дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило дар ҷойгоҳи панҷум қарор гирифт. Ӯ пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Швейтсария, Арманистон ва Исроил ба нимфинал баромад. Вале дар даври нимниҳоӣ аз варзишгари Беларус Вадзим Шока мағлуб гашт.
Сипас ӯ қувваозмоиро барои медали биринҷӣ ба Артём Хомулаи украинӣ бохт. Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум ҳамроҳ бо дастаи мунтахаби Дания дар байни 53 кишвар дар ҷойгоҳи 26-ум қарор гирифт.
Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии дзюдо, Тел-Авив (Исроил), 24-26 январ
60 кг
- ВЕРСТРАЕТЕН Ҷорр (Белгия)
2. ҶАКАДОЕА Торник (Нидерланд)
3. ОГУЗОВ Алберт (Россия
3. РЕВОЛ Седрич (Фаронса)66 кг
- ЛОМБАРДО Мануэл (Италия)
2. ЯДОВ Богдан (Украина)
3. ГАИТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
3. ХАМЕТОВ Ислом (Россия)73 кг
- ШОКА Вадзим ( Беларус)
2. ЕСПОСИТО Ҷиованни (Италия)
3. БУТБУЛ Тоҳар (Исроил)
3. ХОМУЛА Артём (Украина)81 кг
- МУКИ Саги (Исроил)
2. ИВАНОВ Ивайло (Булғористон)
3. ЧОУЧИ Сами (Белгия)
3. ПАРЛАТИ Кристиан (Италия)90 кг
- КЛЕРГЕТ Аксел (Фаронса)
- МУНГАЛ Николас (Италия)
3. МЕҲДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)
3. СМИНК Ҷеспер (Нидерланд)100 кг
- ИДДИР Александр (Фаронса)
2. ФЛЕТЧЕР Бенҷамин (Ирландия)
3. МИНАСКИН Григори (Эстония)
3. ОЗСИСЕК-ТАКАГИ Кайҳан (Австралия)+100 кг
- САССОН Ор (Исроил)
2. ХАММО Якив (Украина)
3. КРИВОБОКОВ Антон (Россия)
3. ВАХАВЯК Александр (Беларус)








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






