Олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тадқиқотро дар самти илмҳои бунёдӣ бештар ба роҳ мемонанд
ДУШАНБЕ, 29.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати олимону муҳаққиқони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тадқиқотро дар самти илмҳои бунёдӣ ва амалӣ роҳандозӣ намуданд. Ин тадқиқот ба ҳалли масъалаҳои ҳалталаби мубрами хоҷагии халқ равона гардида, самтҳои афзалиятноки илм ва рушди иқтисодиёти миллиро фарогир мебошанд. Ин нуктаро Ректори донишгоҳи мазкур Ҳайдар Одиназода имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.
«Парки технологии донишгоҳ ҳамчун муассисаи инноватсионӣ бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи самараноки технологияҳои навтарин ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда фаъолияти густурдаи худро ба роҳ мондааст», — илова намуд мавсуф.
Зимнан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат соли 2017 чунин иброз доштанд: «Мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем».
Ин аст, ки ҳайати олимону устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фаъолияти илмии худро дар самти тадқиқоти илмҳои бунёдӣ сол аз сол бештар менамоянд.
Зикр шуд, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди илму техника донишгоҳ тасмим гирифтааст озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ ташкил намояд.
Ёдовар мешавем, ки ин донишгоҳ пойгоҳи асосии омода намудани мутахассисони соҳаи техникию технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳамаи факултетҳои он аз рӯи зиёда аз 70 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.








«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид






