«Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» насиби сарбозони қисми низомии 3503 дар Бадахшон гардид
ХОРУҒ, 03.01. 2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар қисми низомии 3503-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор гардид. Ин мусобиқа бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода роҳандозӣ гардид. Дар он зиёда аз 100 нафар кормандони мақомоти интизомию низомӣ байни худ аз намудҳои волейбол, шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз, дастхобонӣ ва дигар навъҳои варзиш рақобат намуданд.
Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, полковники милитсия Суҳроб Рауфзода зимни натиҷагирӣ аз мусобиқа изҳор дошт, ки «»ҳаёти ҳар як корманди ниҳодҳои низомиро бе варзиш тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ақли солим дар тани солим аст. Ҳар қадар инсон аз ҷиҳати ҷисмонӣ неруманд бошад, ҳамон қадар ботамкину ботаҳаммул буда, нисбат ба атрофиён назари некбинона дорад. Маҳз ҳамин омилҳои судманди варзишро ба инобат гирифта, бо дастури Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода барои ҷалби ҳарчӣ бештари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба варзиш пайваста мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ роҳандозӣ мегарданд. Ин мусобиқаҳо ҳамчунин риштаи дӯстию ҳамбастагии сохторҳои қудратию низомӣ ва сокинони маҳаллиро боз ҳам таҳким мебахшанд. Зеро дар баъзе мусобиқаҳо наврасону ҷавонони шаҳри Хоруғ низ ширкат меварзанд».
Дар ин мусобиқаҳо дастаи мунтахаби қисми низомии 3503-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ мақоми аввал ва дастаи Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ мақоми дуюмро ишғол намуданд. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ бо Ифтихорномаву Сипоснома, маблағҳои пулӣ ва «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» қадрдонӣ карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни ҷавонон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» баргузор мегарданд.








Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид
Дастаи «Сардор»-и Турсунзода бори аввал ба Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол баромад
Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2025. Имрӯз дастаҳои «Соро компания» ва «Сипар» дар финал бозӣ мекунанд
«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад






