Омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ ва надоштани маълумоти касбӣ аз сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳост
ДУШАНБЕ, 23.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо филиали ташкилоти хориҷии “GOPA” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Омӯзиши масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Зулфия Давлатзода, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдусалом Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Азизуллоҳ Мирзозода, намояндагони вазорату идораҳо ва Шӯрои уламо иштирок ва маърӯза намуданд.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода иброз дошт, ки пешгирии ҷудошавии оилаҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб ёфта, ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад.
«Муноқишаи оилавӣ асосан дар оилаи носолим бо баҳонаи ночиз, баҳсу мунозираи зану шавҳар, хушдоману келин, фарзандони нохалаф ва бадахлоқ сар зада, сабаби ҷудошави оилаҳо мегардад. Дар ҷомеаи имрӯза сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо-ин омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ, надоштани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират мебошанд. Имрӯз сабабу омилҳои зиёди ҷудошавии оилаҳо ҷой дошта, пешгирӣ ва ҳалли ин масъала аз ҳар яки мо, масъулини сохторҳои дахлдор иҷрои вазифаҳои мушаххасро талаб менамояд»,- гуфт мавсуф.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ёздаҳ моҳи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 71 ҳазору 592 нафар оила бунёд намуда, 10 ҳазору 140 нафар оилаҳо аз ҳам ҷудо гардидаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 7,9 фоиз зиёд мебошад.
Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Зулфия Давлатзода, имрӯз дар назди Кумита ҳуқуқшиносон ва равоншиносон фаъолият дошта, оилаҳои ҷавон ҳамарӯза аз маслиҳатҳои онҳо бархурдор мебошанд. Шаҳрвандоне, ки ба Кумитаи кор бо занон ва оила бо мақсади бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат карданду имконияти ба созиш овардани онҳо мавҷуд буд, баъд аз даъвати тарафҳо ва корбарии кормандони Кумита 90 оила ба созиш оварда шуд.
Тавре корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Каримҷон Салимзода зикр намуд, мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши «Омӯзиши масъалаи ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ин пайдо намудани сабабҳои ҷудошавӣ ва роҳҳои ҳалли ин масъалаи мубрам мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба масъалаи пешгирии издивоҷи хешовандони наздик, никоҳи барвақтӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон диққати ҷиддӣ дода, баҳри бартараф намудани ин масоил тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.








ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд






