Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар аввалин Мусобиқаи байналмилалии дзюдо дар соли 2019 иштирок мекунанд

Январь 23, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 23.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. 24-26 январ дар пойтахти Исроил – шаҳри Тел-Авив мусобиқаи Гран-При оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик низ иштирок мекунанд.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Зикр шуд,   ки Гран-Прии Тел-Авив аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо дар соли 2019 мебошад. Дар мусобиқаи мазкур  405 нафар варзишгар (230 мард, 177 зан) аз 54 кишвари дунё иштирок мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгари  шинохта-  Беҳрӯз Хоҷазода, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳар ду вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) намояндагӣ мекунанд.

Фардо, 24 январ қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон доир мегарданд. 25 январ варзишгарони вазнашон -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон рӯи гилем мебароянд. Дар рӯзи сеюми мусобиқа қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78кг миёни бонувон баргузор мешаванд.

Бояд зикр кард, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал соҳиби мукофотпулӣ мешаванд. Барои ҷои аввал дар ҳамаи вазнҳо 3000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 2000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1000 доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин варзишгарон соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд.

Ёдовар  мешавем, ки дар раддабандии олимпӣ Акмал Муродов дар ҷои 53-и вазни -81кг, Саидҷалол Саидов низ дар ҷои 53-и вазни -100кг, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 56 ва Хайёмиддин Ҷабборов дар ҷои 99-и вазни -73кг мавқеъ доранд.

Январь 23, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд