Пагоҳ Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир менамоянд

Январь 30, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 30.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 31 январ Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2018 нишасти матбуотӣ мегузаронанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соати 09:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар»  нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.

Роҳбарияти Палатаи ҳисоб соати 09:00 дар Палатаи мазкур ба суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма посух медиҳанд.

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ соати 11:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишаст мегузаронад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи  кӯдак соати 11:00 дар толори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Маркази  миллии тестӣ соати 14:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир менамоянд.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Январь 30, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид