«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Таҳти ин ном дар Душанбе дуюмин ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон доир гардид

Январь 24, 2019 16:25

ДУШАНБЕ, 24.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дуюмин ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» доир гардид.

Тавре мухбри АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, дар ҳамоиш Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода  ва дигарон ширкат варзиданд.

Аҳтам Абдуллозода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки ҲХДТ зодаи даврони истиқлол буда, аз давраи аввали фаъолияташ волоияти қонун, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини амнияти иҷтимоиву иқтисодии кишварро пешаи худ қарор додааст. Он  давоми зиёда аз 20 соли фаъолияти пурсамар сазовори муҳаббату самимияти аҳли ҷомеа гардидааст.

Мавсуф изҳор намуд, ки таваҷҷуҳи махсуси Давлату Ҳукумат ва сиёсати дурандешонаи  Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба  насли ҷавони мамлакат аст, ки   онҳо ба  комёбиҳои беназир мушарраф  мегарданд

Зикр шуд, ки ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳарактдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат сабаби болидарӯҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ  зиёд менамояд.

Тавре Сарвари давлат зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ иброз доштанд: «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

«Ин итминону боварии раҳбарияти кишвар ҳар яки моро водор месозад, ки аз ҳамарӯза бештар дар ҷодаҳои худ талош ва дар зинаҳои баланди касбӣ саъй намоем. Супоришҳои Паёми навбатиро барои худ масъулияти  бузург дониста, ҳамеша ҷиҳати рушди масоили мубрами ҷомеа кӯшиш намоем»,- илова намуд А. Абдуллозода.

Зикр гардид, ки ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон соли дуюм аст, ки аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо доираи васеи ҳизбиёни ҷавон доир карда мешавад.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати ҷавонон ягон масъалаи онҳоро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд.

Дар конфронс ҳамчунин баён гардид, ки ҳадафи асосии сиёсати ҷавонон- ин  муттаҳид сохтани неруи созандаи насли ҷавон дар атрофи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Абдураҳмон Хонов зикр намуд, ки яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро- баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии онҳо мебошад.

Иштирокдорони ҷамъомад дар баробари шарҳи нуктаҳои муҳими Паём ҷавононро ба ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ободкорӣ даъват намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш як гурӯҳ ҳизбиёни ҷавон аз тарафи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Январь 24, 2019 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид