Раёсати ҳифзи муҳити зисти Бадахшон барои расондани кумаки ғизоӣ ба ҳайвоноти ваҳшӣ омодагӣ мебинад
ХОРУҒ, 07.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Боришоти чанд рӯзи охир кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мутахассисони ширкатҳои шикори хориҷиро водор сохт, ки барои аз гуруснагӣ наҷот додани ҳайвоноти ваҳшӣ тадбирҳои биотехникӣ андешанд.
Ба гуфтаи сардори Раёсати мазкур Мулкамон Назаралиев, «аксарияти ҳайвоноти нодир дар кӯҳу дамани ноҳияи Мурғоб сукунат доранд. Зеро масоҳати ин ноҳия хеле васеъ буда, 60 фоизи ҳудуди вилоятро дар бар мегирад. Мутобиқи маълумоти охир, шумораи бузҳои кӯҳии сибирӣ ва гӯсфандони кӯҳии Марко Поло то ба 35 сар мерасад. Ҳамчунин дар ин ноҳия 20 сар бабри барфӣ низ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамаи ин ҳайвонот дар ҳолатҳои фавқулода ба кумак одамон ниёз доранд.
Ҳоло дар ин ноҳия ҳаво муътадил буда, барф ҳанӯз пурра заминро напӯшонидааст. Ин аст, ки ҳайвонот барои худ ғизо пайдо карда метавонанд. Одатан барфрезӣ дар ин ноҳияи баландкӯҳ аз аввали моҳи феврал оғоз мегардад. Аз ин рӯ кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои шикори хориҷӣ ва волонтёрон кӯшиш мекунанд, ки дар мавзеъҳои ҷамъшавии ҳайвоноти ваҳшӣ пешакӣ хӯроки чорво захира намоянд».
Ҳукумати ҷумҳурӣ чанд соли охир ба ҳифзу нигоҳдории ҳайвоноти нодири ваҳшӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад ва аз ин рӯ шумораашон низ сол аз сол афзуда, ба миқдори бештари хӯрок ниёз пайдо мекунанд. Соли гузашта танҳо ширкати шикории “Мурғоб” 4 тонна ғизои иловагӣ иборат аз алафу ғалладонаро ба кӯҳдоманҳо интиқол дод.








Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд






