Шароити таърихӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқии худидоракунии маҳаллӣ — асоси рушди деҳот. Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 27.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тарҳи нави фарогир ва стратегии созандагӣ ба миён гузошта шуд», — навиштаанд устодони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолаи худ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол намудаанд.
Масалан, солҳои гузашта дар муддати як сол эълони ягон масъала бо сатҳи таҳким ва тараққиёти он роҳандозӣ мешуд. Вале дар Паёми навбатӣ барои се сол — 2019 — 2021 ҷиҳати таҳким бахшидани се масъала: рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фармони Президенти мамлакат ба тасвиб расида, масъалаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боз тамдид карда шуд. Ин воқеият аст, ки ҷаҳон дар ростои даромади осону иқтисоди бо роҳи сабук рушдкарда мавқеъ мегирад ва нақши сайёҳӣ дар ин ҳолат хеле барҷаста, муҳим ва дастрас ба назар мерасад. Зеро танҳо истифодаи зарфиятҳову тасмимҳои стратегӣ моро ба марҳилаи рушди ин соҳа мебарад.
Самти ҳунарҳои мардумӣ нишона аз асолати таърихӣ, анъана, симои миллӣ ва дастранҷу вижагиҳои хоси ҳунармандии ҳар як кишвар арзёбӣ мешавад. Инкишофи ин соҳа имрӯз хеле манфиатбор аст. Гарчанде манфиат бештар дар ҳолати устувори молиявӣ бошад ҳам, аммо арзиши манфиати маънавию фарҳангӣ устувортару муътамад ва шахсиятсозу тамаддунсоз аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола мақсади эълони ин солҳоро чунин зикр намуданд: «Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад».
Атрофи рушди деҳот, деҳотдорӣ, худидоракунӣ таҷрибаҳои таърихиву ҷаҳонӣ хеле зиёданд. Ҷиҳати рушди деҳот моро месазад каме руҷӯи таърихӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқӣ намоем ва назар андозем, ки дар паҳнои таърихи кишвардорӣ мо чӣ гуна низомҳои худидора ва рушди деҳотро амалӣ менамудем ва имрӯз кадом шароити ҳуқуқию сиёсӣ муҳайёст.
Аслан, истилоҳи «деҳот» вобаста ба фарогирӣ ва тобеият бар худидораи маҳал пайванд мешавад. Агар «деҳот» гӯем, қонунан сухан атрофи худидораи маҳал меравад. Ҳамзамон, пеш аз он, ки мақоми сиёсию ҳуқуқии ин падидаро баррасӣ кунем, месазад аз боби таърихи «деҳотдорӣ»- и миллии худ ҳарф занем.
Ба сифати ниҳоди мардуммеҳвар худидоракунии маҳаллӣ дар амалияи идоракунии миллати тоҷик таърихи хеле қадима дорад. Дар таърихи рушди тамаддунии инсоният равобити мададрасонӣ, хайру эҳсон, дасти кумак, ҳашар, мусоидати рушд, ҳалли мушкилот падидаи худидора ва худфаъолиро ба вуҷуд овардааст. Барои таъмини зиндагии осоишта дар тўли таърих инсоният роҳҳои мухталифи ҳалли онро ҷустуҷў кардааст. Яке аз ин роҳҳо ҷустуҷўи шакли дурусти идоракунӣ мебошад.
Идоракунӣ дар ҳар давру замон доир ба мақсад дар шаклу намуди гуногун ташаккул ёфтааст. Он идоракуние, ки дар доираи муносибатҳои байни аъзои ҷомеа ба вуқӯъ меояд, ҳамчун раванди иҷтимоӣ арзёбӣ гаштааст. Идоракунии иҷтимоӣ сараввал дар шакли худидоракунии маҳаллӣ ва баъдан, бо пайдоиши давлат, он ҳамчун идоракунии давлатӣ рушд ёфтааст. Дар низоми идоракунии давлатӣ мақомоти худидоракунии маҳаллӣ боқӣ мондааст, ки вобаста ба макон ва замон дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ бо сифатҳои мутобиқ ба талаботи ин ё он давр мавҷуд аст.
Аз маъхазҳои таърихӣ аён аст, ки яке аз роҳҳои таъмини худидоракунӣ- ин қабилаҳои (ҷамоаҳои) авлодӣ ба шумор мерафтанд. Муносибатҳои байни аъзои ин ҷомеаҳо (гурӯҳи одамон) дар асоси принсипи хешутаборӣ, ҳамхунӣ муттаҳид мегардид ва мақоми машваратию идоракунӣ дар он замон Шӯрои авлод ба ҳисоб мерафт. Ба сифати роҳбар шахси аз ҳама калонсол сардори авлод ҳисобида мешуд. Яъне, ин вазифа на таъйинӣ ва на интихобӣ буд. Низоми ҷойгузинӣ ба таври анъанавӣ амалӣ мешуд.
Воқеан, падидаи гӯш кардану машварат пурсидан аз шахси синну солаш зиёдтар табиист, ки дар ҷомеаи муосир нақшгузор буда, ин таомул ба сифати арзиши миллӣ дар ҳувият, маънавиёт ва маданияти халқи тоҷик ҳифз шудааст. Аз ин рӯ, низоми синнусолӣ ҳамчун арзиши миллӣ ва ахлоқӣ дар ҷомеаи муосир бояд таҳкими устувор дошта бошад.
Ҳамин тавр, Шӯрои куҳансолон минбаъд пайдо шуд, ки новобаста аз мансубиятҳои хунӣ ва хешутаборӣ вазифаҳои ҳалталаби маҳалро амалӣ мекард, ки ин падида дар натиҷа аз муҳити ҳамхунӣ ба сӯи рафтори иҷтимоӣ тамоюл пайдо кард. Ҳаёти ҷамъиятӣ ва тақдиршарикии якдигар аллакай пайдо шуд. Вобаста ба сокиншавӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ шаклҳои гуногуни ташкили мудирияти маҳал, аз қабили «гузар», «кўй», «деҳа», «қишлоқ» ва дар баъзе минтақаҳо бо дарназардоши миқдори ҷойгиршавии ҳавлиҳо онро бо рақам – «даҳа», «сада» ва «ҳазора» низ ифода менамуданд.
Баъди ҳамроҳ шудани Аморати Бухоро ба Россияи подшоҳӣ барои ифодаи ягонагии ҳудудӣ дар сатҳи маҳал бештар ибораи «квартал» истифода бурда мешуд. Маҳалла дар дохили деҳа низ ҳамчун воҳиди маъмурӣ-хоҷагидорӣ ва ҷомеаи ҳудудӣ (ҳамсоягӣ) аз тарафи оқсақол–«элликбошӣ» (пятидесятник), ки аз ҷониби истиқоматкунандагони квартал интихоб мегардид, идора карда мешуд.
Муҳаққиқи варзидаи соҳаи худидоракунии маҳаллӣ З. Қодиров оид ба падидаи оқсақол зикр мекунад, ки «оқсақол ҳамчун намоянда ва ҳомии ҷомеаи маҳаллӣ дар назди ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчун шахсе, ки корҳои дохилии ҷомеаи деҳотро (назорат бурдан аз болои анъанаҳои патриалхалӣ, авлодӣ, меъёрҳои урфу одат, меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ғайраҳо) ба зимма дошт, дар назди аҳолии маҳал баромад менамуд».
Дар таърихи худидоракунии маҳаллӣ падидаи ҳашар хеле мавқеи баланд дошт ва имрӯз низ мавқеи хос дошта, симои амалии худро дар ободонӣ, солимгардонӣ, кумак ба ҳамсояву наздикон, хешу табор ва ҳамдеҳони худ касб менамояд.
Нақши он дар муттаҳидӣ, ғамхорӣ ва тафаккури ҷамъиятӣ, яъне бо ҷомеа будану аз ҷомеа дур нашудан хеле барҷаста аст. Муносибати байни аъзои ҷомеаро мустаҳкам намуда, ҳадди худпарастиву саҳлангориро коҳиш медиҳад. Имрӯз бояд, ки ҳар як мақомоти худидоракунӣ роҳҳои пешрафтаи таъмини ҳашарро роҳандозӣ кунанд. Он ғояе, ки Абунасри Форобӣ дар таълимоташ иброз намудааст («инсон махлуқи иҷтимоӣ аст»), бояд ҳақиқати худро ёбад.
Дӯст доштани Ватану саҳмгузорӣ дар ҳаёти кишвари худ маҳз аз иштироки фаъол дар корҳои маҳал оғоз меёбад. Дарвоқеъ, оғозгоҳи Ватан аз маҳал сар мешавад. Санги роҳеро гирифтан, ниҳоле шинондан, ҷойи хушкеро обшор намудан, заминеро ба гардиши кишт даровардани ҳар як сокини деҳот, аллакай аз мавҷуди созанда ва бедори ҳар яки мо дарак медиҳад.
Хушбахтона, мавҷи истиқлолиятхоҳӣ рӯҳияи мардумро дар як уфуқи нави тасмимгирӣ оварда расонд. Вобаста ба ин, ба таври фаврӣ дар миқёси ҷумҳуриявӣ аз 9 апрели соли 1990 Қонуни ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи принсипҳои умумии ташкили худидоракунии маҳаллӣ ва хоҷагии маҳаллӣ дар ҶШС Тоҷикистон» қабул шуд. Иштироки фаъол ва ташаббусҳои шаҳрвандии аҳолии шаҳраку деҳот яке аз равандҳои демократикунонии ҷомеа фаҳмида мешавад. Инчунин яке аз талабот ва зинаи аввали мардумсолорӣ- ин мавҷудияти худидоракунии маҳалӣ арзёбӣ шудааст.
Дар Хартияи аврупоии худидоракунии маҳаллӣ, ки 15 августи соли 1875 қабул шудааст, мавҷудияти демократияро дар таҳкими олии қонунгузории худидоракунии маҳаллӣ, яъне дар Конститутсияи кишвари худ ҷой додани меъёри алоҳида нисбат ба ин падида арзёбӣ мекунанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсози миллат 6 ноябри соли 1994 ба таври раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он нахустин шуда, барои ташаккул ва инкишофи унсурҳои ҷомеаи худфаъол ва худидора шароити ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Дар моддаи 78 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд. Баъд аз қабули Конститутсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» (01.12.1994 ) қабул карда шуд, ки он ҳамчун қонуни асосӣ аввалин бор ба таври равшантар тартиби ташкил ва фаъолияти онро танзим намуд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 5 августи 2009 бо таҳрири нав аз нав қабул карда шуд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва молиявии онро муайян менамояд.
Агар ба таърихи ташкили ҷамоатҳо назар афканем, мебинем, ки ин мақомот аз аввал масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро дар сатҳи маҳал ва дар доираи ваколатҳои худ ҳал мекард. Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки миёнарави асосии байни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ маҳз Ҷамоат мебошад. Яке аз принсипи асосии фаъолияти Ҷамоат- ин мутобиқати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ мебошад. Барои амалишавии он ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони худ ҳамаи масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллиро дар доираи салоҳият ва таҳти масъулияти худ қарор дода, аҳолии маҳалро ба корҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ ҷалб мекунад.
Ҷамоат ба ғайр аз корҳои ободию созандагии маҳал боз роҳнамою шунавандаи муроҷиати сокинони ҳудуд мебошад. Ин сабаб гардидааст, ки манфиатҳои аҳолии маҳал зери таваҷҷуҳи ҳамарўзаи Ҷамоат қарор гирифта, бо ин роҳ як ҳамоҳангӣ байни Ҷамоат ва аҳолиро ба миён овардааст ва ин асоси идоракунӣ, таъсиррасонии мақсаднокро ташкил медиҳад.
Ҷамоат мақоми давлатӣ нест, вале ваколатҳои ҳокимиятиро дар асоси вогузорӣ ва шартномаи маъмурӣ бар уҳдаи худ мегирад. Давлат барои ғайримарказонидан ва ғайритаҷаммуъсозии ваколатҳо шароити ҳуқуқӣ муҳайё кардааст.
Дар асоси гуфтаҳои боло мо мебинем, ки барои танзими муносибатҳои ҳаётан муҳими ҷамъиятӣ давлат ба зинаи худидоракунии маҳаллӣ аҳамият дода, онро дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустаҳкам кардааст. Ҳамзамон ҷиҳати рушди инфрасохтори деҳот, мақоми байнисоҳавӣ ва ваколатдор Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Бинобар ин, ҳар як мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, аҳолии маҳал, мақомоти дахлдори давлатиро ҷиҳати ҳамкорӣ ва рушди инфрасохтори деҳот мебояд, ки аз тамоми имконоти мавҷудаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву сармоягузорӣ истифода намуда, шарикии иҷтимоии доираи соҳибкорӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳокимияти маҳаллиро ҷоннок намуда, дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат нақши муассир гузорад.
Саид ҒОИБНАЗАРЗОДА,
декани факултети идоракунии давлатии
Донишкадаи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Абубакр БАЧАМАРДОВ,
магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон