Соли 2019 дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ зиёд карда мешавад

Январь 29, 2019 09:21

ДУШАНБЕ, 29.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  То 1 январи соли равон дар ҷумҳурӣ аз тарафи хоҷагиҳои моҳипарварӣ  2 ҳазору 100 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд, ки ин миқдор барои таъминоти аҳолӣ басанда нест.

Тавре дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ изҳор намуд,  соҳаи моҳипарварӣ яке аз соҳаҳои муҳим дар таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳақиқат истеҳсоли 2 ҳазору 100 тонна моҳӣ барои аҳолии ҷумҳурӣ кам аст.

«Баъди сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар соҳаи  моҳипарварӣ тағйироти ҷиддӣ рӯи кор омаданд.  Имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ 270 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият доранд. Бо мақсади рушд додани соҳаи моҳипарварӣ вазорат барои ба роҳ мондани такрористеҳсолкунӣ 307 ҳазор моҳича дастрас намуда, ба 43 хоҷагии   моҳипарвар тақсим  намуд»,- гуфт Иззатулло Сатторӣ.

Ба зикри номбурда, баъди равона гардидани таваҷҷуҳи хосса ба ин соҳа ҳоло дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, истеҳсоли моҳӣ соли 2018 нисбат ба соли пеш 40 тонна зиёд гардид.

Дар назар аст, ки соли 2019 истеҳсоли моҳӣ зиёд карда шавад.

Январь 29, 2019 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд